Муҳоҷирон

ВИДЕО: ҲАЛОКАТИ ЗОДАИ НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ. НАЗДИКОНИ ЯТИМ ДАВЛАТХӮҶАЕВРО МЕҶӮЯНД

Муҳоҷирони тоҷики муқими Маскав бо нашри чанд акс хабар доданд, ки як муҳоҷири тоҷики 31-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 28 ноябр дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав ҷон бохтааст ва ҷанозааш феълан дар сардхона (морг)-и бемористони Одинтсово қарор дорад. Дар акс дида мешавад, ки ҷасади ин ҷавон дар рӯи роҳ хобидааст. Ин муҳоҷири фавтида Давлатхӯҷаев Ятим Меҳмондӯстович ном дошта, 18 августи соли 1989 таваллуд шудааст ва аз минтақаи Пахтакори ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон будааст. Аз онҳое, ки Ятим Давлатхӯҷаевро мешиносанд, хоҳиш мешавад, ки бо рақами +7 999 673-89-50 ба Улфатшо занг зананд, то масъала аз сардхона гирифтан ва ба Ватан фиристодани ҷанозаи ӯро ҳал кунанд.

Сабаби марги Ятим Давлатхӯҷаев ҳанӯз рӯшан нест.

Ҳар сол ба иллатҳои мухталиф дар Русия беш аз ҳазор муҳоҷири тоҷик, аксаран мисли Ятим Давлатхӯҷаев дар синни ҷавон мемиранд.

Ишон Вахечи

Бозгашти ҳар яки мо ба суй Парвардигор аст.

Аллоҳ бубахшад ва ҷояшро ҷанатул Фирдавс гардонад..

Марги ҳар навчавони тоҷик моро ҷигархун мекунад..

Бародар аз ноҳияи Ҳамадони буда аст.

Ду тифлашро ятим кард …

Ба модару оила ва наздиконаш сабри ҷамил талаб дорам ..

Аз тақдир ҷой гурез нест…

Раҳмати Парвардигор ба Шумо дӯстон наздикон, бо ерии шумо наздиконашро пайдо карданд..😪

Раками телефона пайваст ба карта аз наздикони мархум. Хар касе нияти хайр ба ятимон дошта бошад мархамат…

+992907411717

Тиллоев Ч,ахонгир

Банк Спитамен

Боки дуогу бошед !

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button