Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДОНИШҶӮДУХТАР ВА ЯК ҶАВОНЗАН ДАР ДУ САДАМА ДАР ИСПЕЧАК ВА БАДАХШОН

Шоми 27 ноябр, соати 19:30 як духтари донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи славянӣ дар кӯчаи Испечак зери чархи КАМАЗ ҷон бохта, шоми 26 ноябр, соати 17:48 як зани 33-сола – корманди бемористони Шуғнон зери чархи мошини “Санг-Йонг”  ба ҳалокат расидааст.

Сокини 54-солаи Ваҳдат ба қаллобӣ ба маблағи 100 ҳазор доллар айбдор мешавад ва соҳибкори 40-солаи “Корвон” 76 ҳазор доллар пули қолинҳои туркиро барнагардондааст.

Сокини 23-солаи Рӯдакӣ бо гумони дуздии ашёи рӯзгор ва чанд ҷуфт пойафзоли занона аз таҳхонаи як бино дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт дастгир шудааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 28 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати ду ҷавонзан дар садамаҳои нақлиётӣ

Рӯзи 27-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «КАМАЗ-53212» (оташангез), Шарофов Ҳайдаралӣ Умарович, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Ҳисор, ронандаи ҶДММ «Байрат-82», ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи А.Навоӣ аз тарафи кӯчаи Ҳамадонии пойтахт ба самти маҳаллаи Зафар, дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматии №464-и кӯчаи Испечак, пиёдагард Салимзода Умедабону, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Ашт, донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Салимзода У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 26-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 17:48-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Санг-Йонг», Бахтибеков Сайлибек Бахтибекович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Рушон, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ҷамоати деҳоти Вер ба самти деҳаи Навобод, дар шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Қулма» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҷамшедова Ҳалима Давроновна, соли таваллудаш 1987, сокини деҳаи Вибист, корманди беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Ҷамшедова Ҳ.Д. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 60-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардид, ки аз соли 2009 то соли 2013, марди 54-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардид, ки аввалҳои моҳи феврали соли 2020, марди 40-солаи сокини ноҳияи Восеъ, соҳибкори ҶДММ «Бозори Корвон» бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ қолинҳои истеҳсоли туркиро ба маблағи 76 ҳазору 547 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани дуздӣ аз таҳхонаи бинои истиқоматӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи зани 54-солаи сокини кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи мазкур ворид гардид, ки санаи 5-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 02:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди таҳхонаи бинои истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ашёҳои рӯзгор ва якчанд адад пойафзоли занонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5000 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ба ҳайси гумонбари дуздӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button