ФарҳангЧеҳраҳо

ГЕВ ЛОҲУТӢ – ФАРЗАНДИ АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТӢ – ДАР МАСКАВ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Гев Лоҳутӣ, фарзанди шоири шинохта Абулқосим Лоҳутӣ, рӯзи 27 ноябр дар шаҳри Маскав дар синни 83 аз олам чашм пӯшид. Абулқосим Лоҳутӣ ва ҳамсараш Сесилия Бону 4 фарзанд доштанд: Далер, Гев, Ҳотия ва Лайло. Гев нигаҳбони бойгонии падараш буд ва дар фикри навиштани ёддоштҳояш дар бораи волидони худ буд. Аммо маълум нест, ки оё ӯ таълифи ёддоштҳояшро ба охир расонд ё на?

Абулқосим Лоҳутӣ зодаи Кирмоншоҳи Эрон буда, дар авоили солҳои 20-уми асри гузашта дар пайи як исёни ноком ба зидди шоҳи Эрон ба Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳ овард ва солҳои зиёде дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кард. Ӯ баъдан ба Маскав кӯчид ва фарзандонаш ҳам дар Маскав ба воя расида, дар ҳамон ҷо кору зиндагӣ мекарданд. Лоҳутӣ соли 1957 дар Маскав дар синни 70 аз олам чашм пӯшид. Ҳамсари ӯ Сесилия Бону, ки ашъори Лоҳутӣ, Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём ва дигар бузургони адабиёти форсӣ ва ҳамчунин “Шоҳнома”-и Фирдавсиро ба русӣ тарҷума кардааст,  соли 1998, дар синни 87 аз дунё рафт.

Набераи Абулқосим Лоҳутӣ аз писараш Гев – Феликс Лоҳутӣ  навозанда аст ва дар гуруҳҳои ҷаз в рэпи Маскав ҳунарнамоӣ мекунад:

Гев – фарзанди Абулқосим Лоҳутӣ даргузашт

Pressa.tj

Гев Лоҳутӣ фарзанди шоири маъруф устод Абулқосим Лоҳутӣ, ки солҳои охир саргузашти падарашро менавишт имрӯз дар шаҳри Маскав аз олам даргузашт. Дар ин бора фарзанди ӯ Феликс Лоҳутӣ дар саҳифаи Вконтакте хабар дод.

Felix Lakhuti

Папа, дорогой! 🙏💕 Спасибо😘💕 тебе за всё!!! До свидания! Лети с миром, драгоценный. Люблю, целую, отпускаю. 06.06.1937 – 27.11.2020

Папа, дорогой! 🙏💕 Спасибо😘💕 тебе за всё!!!.. | Felix Lakhuti | VK

https://vk.com/felixl?w=wall6001470_14518

Гев Лоҳутӣ, фарзанди дуввуми шоири маъруфи тоҷик, хабарнигор, адабиётшинос ва узви Иттиҳодияи адибони Маскав аст. Соли 2015 фарзанди ӯ Феликс хабар дод, ки падарш дар садади навиштани китоби ёддоштҳо дар бораи падараш аст.

Аз Абулқосим Лоҳутӣ ва Ситсилия –Бону чор фарзанд – Далер, Гев, Ҳотия ва Лайло тавлид шудаанд, ки як умр дар Маскав зистанд.
Гев Лоҳутӣ солҳои охир бемор буд ва дар садади навиштани китоби ёддоштҳо дар бораи падараш ба бемористон интиқол ёфт.

Гев, ки соли равон 83-сола шуд, нигаҳдорандаи архиви падар буд. Лайло Лоҳутӣ дар як суҳбат гуфта буд, ки сурудҳои дар асоси эҷодиёти падараш эҷодшуда дар хонаи Гев нигаҳдорӣ мешавад ва онҳо ҳар вақт онро мешунаванд.

Феликс қаблан хабар дода буд, ки «чанде пеш падарам баъзе матлабҳои солҳои пеш дар бораи бобоям дар рӯзномаҳо чоп кардаашро ҷамъ овард ва аз ман хост, ки аз онҳо нусха бигирам. Ӯ мехост, ки онҳоро дар китобе гирдиҳам оварад ва дар саҳифааш дар Фейсбук ҷой диҳад».

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button