Хабарҳои кӯтоҳ

ТАМАЪҶӮӢ Ё ТАЛАБИ ҚАРЗ?

Сокини 44-солаи деҳаи Элоки ноҳияи Шаҳринав бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ дастгир шудааст. ВКД мегӯяд, ӯ бо талаби пардохти 13 ҳазор доллар қарзи бародараш, як сокини 39-солаи деҳаи Чузӣ ва наздикони ӯро таҳти таҳқири бешумори телефонӣ қарор дода, бо роҳи зӯроварӣ 14 ҳазор сомонии ӯро кашида гирифтааст. Рӯзи 19 ноябр сокини Элокро ҳангоми гирифтани 3500 доллар пули навбатӣ дастгир кардаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 25 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Тамаъҷӯӣ бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 44-солаи сокини деҳаи Элоки ноҳияи Шаҳринав бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз моҳи июни соли 2018 то инҷониб бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбати марди 39-солаи сокини деҳаи Чузӣ ва наздикони ӯ, таҳқири бешумори телефонӣ бо баҳонаи пардохти маблағи қарзии бародараш, ки гӯё доду гирифти қарз соли 2018 ба миён омадааст, вале дар асл ин гуна ҳолат умуман вуҷуд надорад ва дар ин хусус ягон гуна ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва уҳдадоркунанда оид ба чунин қарздорӣ мавҷуд нест, 13 000 доллари амрикоиро талаб карда, аз ин маблағ қисмашро дар муддати тулонӣ ба миқдори 14 000 сомонӣ бо роҳи зӯроварӣ гирифтаааст.
Санаи 19-уми ноябри соли 2020 ҳангоми тамаъҷӯии навбатӣ ва гузаронидани амалиёти доду гирифти асъори хориҷӣ номбурда ба маблағи 3 ҳазору 500 доллари амрикоӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 қисми 3 ва 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ду ҳолати қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 32-солаи сокини кӯчаи Н.Махсуми пойтахт ворид гардид, ки моҳи августи соли 2020 марди 38-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Ландкрузер-Прадо”-ро ба маблағи 330 000 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба Шуъбаи мазкур аризаи марди 30-солаи сокини шаҳри Ҳисор ворид гардид, ки моҳи августи соли 2020 дар кӯчаи Калинини шаҳри Душанбе марди дар боло зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 40 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button