ВидеоНуқтаи назарҶомеа

5 САВОЛИ НОБОБ БА ВАЗИРИ МАОРИФ ДАР МАСЪАЛАИ “МАРШИРОВКА”

Раҷаби Мирзо, маъмури гурӯҳи Фейсбукии “Ахбор барои афкор”, ки ҳудуди 70 000 корбар дорад, рӯзи 4 июн дар як номаи саркушода ба вахири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар робита ба ҷалби маҷбурии донишҷӯён ба “маршировка” 5 саволи усулиро дар байн гузоштааст:

1.“Маршировка” то куҷо ба доираи вазифа ё ӯҳдадориҳои муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дохил мешавад?

2. Кадом қонун, ё заминаи ҳуқуқӣ масъулини вазорат, роҳбарони мактабҳо ва донишгоҳҳоро иҷозат медиҳад, ки хонандагону донишҷӯёнро ба чунин чорабиниҳо ҷалб, ё ҳатто маҷбур намояд?

3. Барои истифодаи мактаббачаҳои ноболиғ дар ҳар чорабинии берун аз барномаҳои таълимӣ, қонунгузорӣ ризоияти хаттии падару модарро ҳатмӣ медонад. Оё ҳамаи волидони хонандагони мактабҳо, ки дар маршировка иштирок мекунанд, чунин иҷозатро додаанд?

4. Барои донишҷӯён дар “маршировка”-ҳо касе пул, ё ғизо медиҳад? Барои онҳо вазорат, ё донишгоҳ имтиёзе хоҳад дод? Бар асоси кадом заминаи ҳуқуқӣ?

5. Хонандаи мактаб, ё донишҷӯи донишгоҳ ҳақ дорад, ки иштирок дар ин гуна иқдомҳоро рад намояд? Агар рад кард, оё ӯро муҷозоте интизор шуда метавонад?

Масъалаи ҷалби донишҷӯён ба “маршировка”-ҳо дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бино ба хабарҳо, даҳҳо хонандаро алакай дар Хуҷанд  барои маросими истиқболи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба маршировка ҷалб кардаанд ва ҳазорон донишҷӯро аз ҳоло хабардор кардаанд, ки дар давоми таътили тобистона бояд дар “маршировка”-ҳои ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки моҳи сентябр таҷлил мешавад, иштирок кунанд. Ин норозигии бисёриҳо, бахусус волидонро ба бор овардааст.

Раҷаб Мирзо АХБОР БАРОИ АФКОР/ ИНФОРМАЦИЯ ДЛЯ РАЗМЫШЛЕНИЯ

5 САВОЛИ ҲУҚУҚӢ БА ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР БОРАИ “МАРШИРОВКА”

Ҷаноби вазир, пеш аз ҳама мо Шуморо ба сифати мансабдоре шинохтем, ки ба мавқеъгириву саволҳои мардум эҳтиром мегузоред ва саривақти вокуниш менамоед. Аз ҳамин хотир ба Шумо бо ин саволҳо муроҷиат мекунем, зеро, мехоҳем, ё не, як мавзӯи муҳим ва баҳсталаби 20 соли ахири бахши маорифи Тоҷикистон ҷалби хонандаҳои макотиби миёна ва донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳамин ба истилоҳ “маршировка” аст. Масъулин инро ба ҷумлаи эҳсосоти ватанпарварона ворид мекунанд, аммо ҳич гоҳ ба паҳлӯҳои ҳуқуқии масъала дахл накардаанд. Мо бар инем, ки ҳар мавзӯъ, агар дар доираи қонун ва мантиқ набошад, ба эҳсосоти мардум натиҷаи баръакс медиҳад. Инро бархӯрди корбарони гурӯҳи Фейсбукии “Ахбор барои афкор” ва дигар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ ҳам исбот мекунад. Аз ин лиҳоз, тасмим гирифтем ба масъала сирф бархӯрди ҳуқуқӣ дошта бошем ва ин 5 саволи усулӣ ҳам ба ҳамин хотир аст, ки аз вокуниши мардум баромада. Бовар дорем, Шумо саволҳоро тибқи қонунгузории Тоҷикистон баррасӣ намуда, дар мӯҳлати муқарраркардаи қонун посух медиҳед:

1.“Маршировка” то куҷо ба доираи вазифа ё ӯҳдадориҳои муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дохил мешавад?

2. Кадом қонун, ё заминаи ҳуқуқӣ масъулини вазорат, роҳбарони мактабҳо ва донишгоҳҳоро иҷозат медиҳад, ки хонандагони мактаб ё донишҷӯёни донишгоҳро ба чунин чорабиниҳо ҷалб, ё ҳатто маҷбур намояд?

3. Барои истифодаи мактаббачаҳои ноболиғ дар ҳар чорабинии берун аз барномаҳои таълимӣ, ҳамон тавре ҳуқуқшиносон мегӯянд, қонунгузорӣ ризоияти хаттии падару модарро ҳатмӣ медонад. Оё ҳамаи волидони хонандагони мактабҳо, ки дар ин маъракаҳо иштирок мекунанд, чунин иҷозатро додаанд?

4. Барои донишҷӯён, ки шахсони болиғанд, танҳо дар сурати ризоияти шахсӣ ва ташкил намудани шароити созгор имкони ҷалб дар чунин чорабиниҳо вуҷуд дорад. Барои донишҷӯёне, ки дар “маршировка” -ҳо ширкат мекунанд, касе пул, ё ғизо медиҳад? Барои ширкаткунандагони чунин маъракаҳо вазорат, ё донишгоҳ имтиёзе хоҳад дод? Бар асоси кадом заминаи ҳуқуқӣ?

5. Хонандаи мактаб, ё донишҷӯи донишгоҳ ҳақ дорад, ки иштирок дар ин гуна иқдомҳоро рад намояд? Агар рад кард, оё ӯро муҷозоте интизор шуда метавонад?

Қаблан барои ҳамкорӣ ва посухи суолҳо изҳори сипос мекунем.

Бо эҳтиром Раҷаб Мирзо,

Маъмури гурӯҳи Фейсбукии “Ахбор барои афкор”, ки ҳудуди 70 000 корбар дорад

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button