ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ЗЕРИ ОФТОБИ СӮЗОН: МАРШИРОВКА ДАР ХУҶАНД БА ПЕШВОЗИ МИРЗИЁЕВ (9 АКС)

Дар шаҳри Хуҷанд тамрини омодагӣ ба пешвози президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев шурӯъ шудааст. «Тамринҳо дар фурудгоҳи Хуҷанд дар хатти парвоз, дар зери офтоби сӯзон гузаронда мешаванд. Дар натиҷа, ҳам наврасону ҳам калонсолонро офтоб мезанад ва аз ҳуш мераванд», –  хабар додааст рӯзи 29 май дар Фейсбук нашрияи “Ёр” Your.tj , ки дар саҳифааш аз ҷараёни ин “маршировка” дар фурудгоҳи Хуҷанд 9 акс нашр кардааст.

Your.tj

Обновлено. В Худжанде начались репетиции ко встрече президента Узбекистана. Репетиции проходят в аэропорту Худжанда, на взлетно-посадочной полосе, под палящим солнцем. И как результат – обмороки у подростков и взрослых.

Дар Тоҷикистон ҷалби издиҳоми бузург барои пешвозгирии роҳбарони давлатҳои хориҷӣ ваё барои гузарондани чорабиниҳову тантанаҳои расмӣ касеро ба ҳайрат намеорад. Ин урфест, ки аз низоми идеологии СССР мерос мондааст. Донишҷӯёни мактабҳои олӣ алакай аз имтиҳонҳои имсола озода карда шудаанд, вале дар иваз ваъда супурдаанд, ки тобистон дар маршировкаҳо ба пешвози 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ таҷлил мешавад, иштирок хоҳанд кард.

Хуҷанд бошад моҳи оянда барои аввалин бор дар солҳои охир роҳбари як кишвари хориҷиро қабул мекунад.  Роҳбарони давлатҳои хориҷӣ зимни боздидҳояшон аз Тоҷикистон маъмулан бо дидори Душанбе ё дараи Варзоб ва ҳадди аксар бо сафар ба шаҳри Турсунзода маҳдуд мешуданд. Дар Турсунзода пеш ба онҳо корхонаи алюминсозиро тамошо медоданд, вале солҳои охир бештар ба тамошои боғҳои машҳури ангуру гелос мебаранд.

 Вале дар барномаи сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шават Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки аз 10 то 12 июн сурат хоҳад гирифт,  боздиди ӯву мизбонаш президенти Тоҷикистон аз Хуҷанд низ ворид карда шудааст. Қарор аст, Мирзиёев бо имконот ва зарфиятҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғд ошно шуда, аз чанд корхона ва иншооти фарҳангиву таърихии шимоли Тоҷикистон дидан кунад.

Дар Душанбе дар «Кохи Борбад»  ба шарафи меҳмони олиқадр аз Ӯзбекистон консерти муҳташами “Шоми дӯстӣ” доир мешавад. Рӯзи 7 июн бо як парвози чартерии ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ”, интизор меравад, беш аз 100 овозхону раққосу мутриб аз Ӯзбекистон барои иштирок дар ин консерт ба Душанбе биоянд. Дар байни онҳо ситораҳои дурахшоне, чун Фаррух Зокиров, Юлдуз Усмонова ва Озодбек Назарбеков ҳастанд.

Тоҷикистонро дар консерти “Шоми дӯстӣ” ҳудуди 150 ҳунарманд, аз ҷумла Нигина Амонқулова, Давлатманд Холов, Муҳаммадрафӣ Кароматуллоҳ, ансамбли «Шашмақом» муаррифӣ хоҳанд кард.

Ин алакай дуюмин сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баъди расиданаш ба қудрат дар соли 2018 ва дубора гарм шудани муносибатҳои Тошканду Душанбе баъди ду даҳсолаи “ҷанги сард” дар даврони раёсати Ислом Каримов мебошад.

Сафари якуми Мирзиёевро аксар таърихӣ номида буданд, чунки дар рӯзҳои он сафар тамоми гузаргоҳҳои солҳо  боз баста дар марзи ду кишвар кушода шуданд, парвози ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз сар гирифта шуд, режими виза, ки Каримов ҷорӣ карда буд, бекор шуд ва мардум имкони сафар ба кишвари ҳамсояро ба даст оварданд, савдо байни ду кишвар аз нав ҷон гирифт.

Мирзиёев ин бор ба Тоҷикистон як моҳи баъди муноқишаи мусаллаҳонаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон меояд. Он муноқиша бо 55 куштаву ҳудуди 240 захмиаш пурқурбонитарин муноқишаи марзӣ дар чанд даҳсолаи ахир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад ва кишварҳои дигари минтақаро низ нигарон кардааст. Комил Алламҷонов, сухангӯи собиқи Мирзиёев дар рӯзҳои буҳрони марзӣ навишта буд, ки муноқишаи байни Тоҷикистону Қирғизистон бо миёнаравии Шавкат Мирзиёев ҳал шуд. Ба навиштаи Алламҷонов, маҳз Мирзиёев рӯзи 30 апрел ҳам ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам ба президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов занг зада, ҳардуро барои тамоси телефонӣ бо якдигар розӣ кунондааст. Дар он гуфтугӯи телефонӣ Раҳмон ва Ҷабборов дар мавриди оташбас ва шурӯи музокироти масоили марзӣ тавофуқ карданд ва тирпарронӣ дар марз анҷом ёфт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button