ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 18 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими сешанбе, 18 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ТОҶИКИСТОН ДУ ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ РУСИЯРО АЗ ҲАҚҚИ ПАРВОЗ МАҲРУМ КАРД

ЯК ҶАНГОВАРИ СОБИҚИ МУХОЛИФИНИ ТОҶИКРО АЗ РУСИЯ ТО СОЛИ 2051 ИХРОҶ КАРДААНД

ЗАНОЗАНИИ ДУ ПИСАРИ ШЕРАЛӢ ГУЛ ДАР ТАРАБХОНАИ “СИМ-СИМ”

БОЗДОШТИ 6 ТОҶИК ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНИИ ГУРУҲӢ ДАР ПЕТЕРБУРГ (ВИДЕО)

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЯКБОРА 6 СУДЯРО АЗ МАҚОМ БАРКАНОР КАРД

ЯРЧ ДАР ДЕВАШТИЧ САБАБИ МАРГИ 5 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 3 КӮДАК ШУД

МАРГИ ДУ КӮДАК ДАР ДАРЁИ ДУШАНБЕ

САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР РОШТҚАЛЪА

ҶАНГИ ТАН БА ТАНИ ХАСБИК БО АБДУРОЗИҚ – БАРОИ ЯК МИЛЛИОН

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон 2 ширкати ҳавопаймоии Русия – “Сибирь” (S7) ва  “Северный ветер”-ро ба боло бурдани нархи парвозҳояшон айбдор карда, онҳоро аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия маҳрум кард.

Раҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода  рӯзи 18 май ба хабаргузори русии «Спутник» гуфт, ин ду ширкат бар хилофи тааҳҳудоти қаблӣ нархи парвозҳояшонро боло бурдаанд.

“Мо огоҳ карда будем, ки агар нархҳоро пойин наоранд, парвозҳояшонро қатъ мекунем. Онҳо протоколро имзо карданд, вале то ҳол шартҳоро иҷро накарданд. Иқдоми мо комилан ба хотири ҳимояти манфиатҳои мардум аст”, – изҳор доштааст Икром Субҳонзода.

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 22 апрел, вақте нархи парвозҳо ба Русия то ба 17 ҳазор сомонӣ хесту норозигии мардумро ба бор овард, намояндагони “Уралские авиалинии”, “Ютэйр”, “Сибир” ва “Северний ветер” – 4 ширкати ҳавопаймоии Русияро, ки ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба фурудгоҳҳои Русияро доштанд,  даъват карда, ба онҳо барои пойин овардани нархи парвозҳояшон ду рӯз вақт дод. Агентӣ гуфт, дар сурати иҷро накардани ин талаб, ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия маҳрум хоҳад кард. Ширкатҳои русӣ ин талабро пазируфтанд ва  гуфтанд, ки нархҳояшонро то ҳадди аз 3 ҳазор то 8 500 сомонӣ пойин оварданд.

Ширкати “Северный Ветер” аз 11 май дар роҳи анҷоми парвозҳои чартериаш аз шаҳрҳои Тоҷикистон дучори мушкил шудааст ва ин боиси дар фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд дармондани чанд ҳазор мусофири ин ширкати русӣ шудааст.

Аз 17 май мушкилот барои ширкати «Сибирь» (S7) низ сар шуд.

Аммо баҳои ихтилофи назари байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро чун ҳамеша мусофирони оддӣ пардохт мекунанд. Ин мардум бо нархҳои ҳангуфт чиптаи парвоз харида, чанд рӯз боз маҷбур аст, ки шаби худро дар фурудгоҳ рӯз кунад ва гӯшбақимор бошад, ки оё кай ба парвози онҳо иҷозат хоҳанд дод?

хххххххххххххх

Хадамоти матбуоти ФСБ ҷумҳури Саха (Ёқутистон)-и Русия хабар дод, ки як зодаи Тоҷикистон бо номи Р.  аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шуда, аз Русия ба ватанаш, Тоҷикистон ихроҷ шуд. «Шаҳрванд Р. ба Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шуда, аз ҳаққи вуруд ба Русия ба муҳлати 30 сол, яъне до 31 майи соли 2051 маҳрум карда шуд “, –  гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Мақомоти амниятии Ёқутистон мегӯянд, ки Р., с.т. 1974, ҳангоми ариза додан барои гирифтани шаҳрвандии Русия ба мақомоти муҳоҷират дар бораи худ маълумоти бардурӯғ додааст.

Ӯро аз ҷумла ба он гунаҳкор мекунанд, ки иштирок доштанаш дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҷониби мухолифини исломиро пинҳон доштааст.

“Гуруҳи мусаллаҳро як хешованди ӯ, ки созмони террористӣ ташкил карда буд, роҳбарӣ мекард. Бо мақсади пинҳон доштани шахсияти худ, ҳамчунин аз тарси кашида шудан ба ҷаовбгарии ҷиноятӣ дар Тоҷикистон, Р. дар ивази пул ному насаби худро дар шиносномаи миллиаш иваз кардааст “, – гуфта мешавад дар иттилоияи ФСБ.

Аммо шахсияти Р. ва ҳамчунин шахсияти он фармондеҳи нирӯҳои мухолифини тоҷик, ки Р. гӯё таҳти фармони ӯ меҷангид, ошкор карда нашудааст.

Дар моҳи апрели соли 2021 ин размандаи собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷикро бар асоси қарори ВКД Ёқутистон боздошт ва дар боздоштгоҳи муваққати муҳоҷирони хориҷӣ ҷо кардаанд. Баъди лағви шаҳрвандии Русияаш, Р. аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд ва барои 30 сол –  то 31 майи соли 2051 аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия ҳам маҳрум шуд.

Дар бораи сарнавишти ӯ баъди ихроҷаш ба Тоҷикистон маълумоте дар даст нест.  Маълум нест, ки ӯро баъди расиданаш ба Ватан дастгир карданд ё хайр?

хххххххххххххх

Шоми 16 май дар тарабхонаи “Сим-Сим”-и марбут ба хонаводаи Алиматовҳо дар Душанбе бо иштироки фарзандони Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетикаю саноат ва қудои президенти Тоҷикистон занозанӣ рух додааст. Дар ин занозанӣ як нафар корд хӯрда, дар ҳолати вазнин дар бемористони  Қарияи Боло қарор доштааст.

Бино ба иттилои радиои Озодӣ, фарзандони Шералӣ Гул аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд, вале Алишер Гуловро алакай субҳи 17 май дар ҳудуди вилояти Суғд дастгир кардаанд. Ҷустуҷӯи Диловар Гулов идома дорад. Исми ҷабрдида низ то ҳол нашр нашудааст.

Алишер Гулов 24 сол дошта, қаблан дар ВКД кор мекард, вале ба кадом далели номаълуме аз саффи милиса ронда шудааст. Аммо исми бародари ӯ Диловар Гулов бори аввал нест, ки дар робита ба моҷароҳои гуногун ва аъмоли ҷиноияш расонаӣ мешавад.

Дар соли 2015 Диловар Гуловро барои бидуни иҷозатнома рондани мошини сиёҳшиша 5000 сомонӣ ҷарима баста, моҳи августи ҳамон сол бо ҷурми майдаавбошӣ 10 рӯз ҳабс карданд. Моҳи октябри соли 2017 номи Диловар Гулов дар робита ба як занозанӣ дар ҳузури ситораҳои эстрада ва латукӯби овозхон Остони Азиз расонаӣ шуд.

Ҳамин тавр, Диловар Гулов субҳи барвақти 10 марти соли 2018 дар пайи як занозанӣ дар тарабхонаи “Гэлакси” дар наздикии театри опера ва балет дар маркази Душанбе ҳамроҳи шавҳари хоҳараш Дилшод Нуруллозода ва 11 тани дигар боздошт шуданд. Диловар Гулов ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд. Ӯро рӯзи 14 март аз боздошт ҷавоб доданд ва алакай рӯзи 17 март барои боз ҳам бидуни иҷозатнома сиёҳ кардани шишаҳои пеши мошинаш боздошт ва ҷарима карданд.

Моҳи июли соли 2018 Диловар Гулов барои ҳамла ба корманди УБОП Дилшод Нарзуллозода дастгир шуд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 2 ноябри соли 2018 Диловар Гуловро бар асоси моддаи 237 барои авбошӣ ва ҳамла ба корманди милиса ба як соли зиндон маҳкум кард. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 5 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, вале додгоҳ гуфт, ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла ду фарзанди ноболиғ доштани Диловар Гулов, сидқан изҳори пушаймонӣ кардан ва аз ҷабрдида узр хостани ӯро ба назар гирифта, ба вай чунин ҳукми сабук додааст.

Гул Шералии 71-сола, ки қудои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, то замони бознишаста шуданаш аз шахсиятҳои пурнуфуз дар ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ  аз соли 2006 то 2013, тайи 7 сол вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ва аз он қабл солҳо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буд.

ххххххххх

Дар пайи занозании гуруҳии шоми 14 май бо иштироки муҳоҷирон дар ноҳияи Приморскийи шаҳри Санкт-Петербурги Русия пулис дастикам 6 муҳоҷири тоҷикро дастгир кардааст. Пойгоҳи хабарии маҳаллии 78.ru бо истинод ба маводи парванда хабар дод, ки тоҷикҳои боздоштшуда аз 20 то 27 сол дошта, дар як ширкат дар Петербург кор мекарданд. Бино ба иттилои ин нашрия, 6 муҳоҷири тоҷик ба авбошӣ айбдор мешаванд ва бар илова, нисбат ба ду нафари онҳо барои надоштани сабти номи қонунӣ дар шаҳри Петербург ва вилояти Ленинград низ протоколи маъмурӣ тартиб додаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, шоми 14 май, соати 20:20, дар занозании гуруҳӣ дар буриши кӯчаҳои Репишев ва Вербная дар ноҳияи Приморский ҳудуди 100 нафар иштирок доштанд. Бархеи онҳо бо арматураву калтак (дубинка) мусаллаҳ будаанд. Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки ду гуруҳи ҷавонон бо якдигар вориди занозанӣ мешаванд, вале баъди чанде (зоҳиран бо дидани мошинҳои пулис) шитобон ҷои ҳодисаро тарк мекунанд.

Пулис гуфт, дар робита ба занозании шоми 14 май бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ парванда кушодаанд. «Ҳамон шаби 45 нафар аз иштирокчиёни эҳтимолии занозанӣ ба шуъбаҳои пулис оварда шуданд. 6 нафарро бар асоси моддаи 91-уми Кодекси ҷиноятиву мурофиавии ФР ба ҳабс гирифтанд», — хабар додаанд дар пулиси Санкт-Петербург. Зоҳиран сухан дар бораи ҳамон 6 муҳоҷири тоҷики дастгиршуда меравад.

Сабаби занозанӣ ва ҳам ин ки он шоми 14 май муҳоҷирони тоҷик бо арматураву калтак ба муқобили кӣ ба ҷанг хестанд?, норӯшан боқӣ мемонад.

ххххххххххххх

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки рӯзи 17 май, бар асари ярч (фурӯ рафтани теппа) дар деҳаи Дархони ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич 5 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак, ҳалок шудаанд.

КҲФ гуфт, як теппа тақрибан соати 14:00 -14:30  болои ду хона дар деҳаи Дархон фурӯ рехтааст. Дар натиҷа дар як хона модари хонадон бо ду фарзандаш, ки яке 11 ва дуюмӣ 10 сол дошт, зери лой монданд. Ярч ҳамчунин хонаи ҳамсояи онҳоро низ зер кардааст ва зани ҷавони 21-сола ҳамроҳ бо фарзанди ширхори яксолааш зери лой мондаву ҳалок шудаанд. 

КҲФ мегӯяд, дар теппаи болои хонаи худ бидуни риояи қоидаҳои бехатарӣ ва агрономиву обёрӣ ниҳол шинондану боғ бунёд кардани як сокини Дархон, ки дар ин фоҷиа ҳамсар ва ду фарзандашро аз даст дод, сабаби ин офати ногаҳонӣ шудааст. Оби зиёд тадриҷан заминро нарм кардаву теппа лағжидааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи КҲФ.

Таҳқиқи сабабҳои ин фоҷиа идома дорад.

Хабари ҳалокати 5 сокини деҳаи Дархон бар асари лағжидани теппа дар ҳолест, ки дар нимаи аввали моҳи май Тоҷикистон шоҳиди як силсила селҳои харобиовар ва дигар офатҳои табиӣ шуд.

Рӯзи 6 май бара сари кӯчидани як масоҳати бузурги замин дар деҳаи Навобод дар ноҳияи Хуросон 15 хона ва ҳудуди 100 гектар замини кишт ба зери хок рафт.

Рӯзи 11 май селҳои харобиовар сабаби марги 9 нафар, аз ҷумла 3 нафар дар Кӯлоб, 3 нафар дар ноҳияи Ш.Шоҳин ва якнафарӣ дар Ҳисору Вахшу Кӯшониён шуд.

ххххххххххххх

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 16 май, тахминан соатҳои 16:27, се кӯдаки ноболиғ, аз ҷумла ду акаю додар  дар дарёи Душанбе ғарқ шуданд.  Ин ниҳод бепарвоии волидон ва беназорат гузоштани фарзандонро сабаби ин фоҷиа номидааст.

Кӯдакон яке 11-сола, дуюмӣ 8-сола ва сеюмӣ 7-сола буда, қарибиҳои аср ҳангоми оббозӣ дар маҳаллаи Гулбутта, дар шафати Корхонаи коркарди қуму шағали ҶДММ “Дарё” ба коми маҷрои хурӯшони рӯди Душанбе рафтаанд.

Бино ба гузориши О.Фахриддинзода, шаҳрванд Қурбоналӣ Мирзоев, ки иттифоқан аз ин мавзеъ мегузашт, худро ба дарё зада, тавонистааст ду нафари онҳо: бародарон Муҳаммадрасул ва Муҳаммадҷонро аз об берун оварад. Вале мутаассифона, яке аз онҳо аллакай ҷон дода буд. Дуюмиро фавран ба маҷтамаи тандурустии “Истиқлол” интиқол додаанд ва ҳоло дар шуъбаи эҳёи ин беморхона бистарист.  

Дастаи наҷотдиҳандагон низ ба ҷойи ҳодиса расида, соати 19:19 ҷасади навраси сеюмро аз об пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоридаанд.

Бино ба омори КҲФ, дар 4 моҳи аввали соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 19 нафар, аз ҷумла 9 ноболиғ ҷон бохтаанд. Аз аввали моҳи май алакай дар бораи ҳалокати дастикам 5 кӯдаки дигар танҳо дар Душанбе гузориш шудааст.

КҲФ мегӯяд, баъди боронҳо ва сардиҳои чанд рӯзи охир, дубора ҳаво гарм шуд ва маъмулан гармо бештар бачаҳоро ба соҳили дарёву рӯдхонаҳо ва обанбору ҳавзҳои шиноварӣ ҷалб мекунад.

Волидон бояд акнун хеле бештар аз пештар дар назорати фарзандони хурдсоли худ бошанд. Беназоратӣ ҳамеша зояндаи фоҷеа буда, метавонад паёмадҳои нохуш дошта бошад. Мисоли ин рӯйдодест, ки ҳоло хондед. Аз як оила ду нафар ғарқи об шуданд, гарчи яке наҷот ёфт, вале ӯ низ дар ҳоли вазнин аст.

Эҳтиёт кунед, худ ва фарзандони худро ба гирдоби фалокату мусибат наандозед! – гуфта мешавад дар муроҷиати КҲФ ба сокинон.

хххххххххххххххххххх

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 16 май дар се садама дар Қубодиён,  Восеъ ва  Роштқалъа 4 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Садамаи аз ҳама пурқурбонӣ шаби 16 май, соати 23:20 дар Роштқалъа рух додааст. Ронандаи 47-солаи мошини ГАЗ-53, сокини ноҳияи Роштқалъа Сӯҳроб  Афзалшоевич Нозиёнов ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ҷавшанғоз ба тарафи ноҳияи Роштқалъа, дар километри 49-уми ҳудуди деҳаи Вездара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонистааст ва мошин ба дарё чаппа шудааст. Дар натиҷа, ду мусофири ин мошин: Қарабозов Назмӣ Мараматшоевич, с.т. 1977 ва Ёдгоров Алёр Қаламович, с.т. 1970, сокинони деҳаи Сорчи ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ду мусофири дигари ГАЗ-53: Иброҳимов Айнулло Саъдуллоевич, с.т. 1967 ва Ниёзмамадова Савриноз, с.т. 1978, низ сокинони ноҳияи Роштқалъа бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамин тавр, шоми 16 май, соати 19:30, ронандаи мошини тамғаи “Ҳундай-Соната”, Мамасидиқов Муҳаммадҷон Юлдошевич, с.т. 1973, сокини ҷамоати 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиён ҳангоми ҳаракат аз самти  ин ҷамоат ба самти ҷамоати Тахти Сангин дар ҳудуди деҳаи Қизилнишон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон Юлдошев Зоҳид Раҷабович, с.т. 1972, сокини ҷамоати 20-солагии Истиқлолиятро пахш намудааст. Дар натиҷа, велосипедрон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон додааст.

Инчунин, шаби 16 май, соати 23:35, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Спринтер”, Беков Заршед Маҳмадуллоевич, с.т. 1992, сокини ҷамоати А.Авазови ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати Зиракӣ ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Сангпар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Гулнораи Абдуҷалил, с.т. 1992, сокини ҷамоати Зарбдорро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар  ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

хххххххххххххх

Ду сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ: Барфаков Раҳимҷон, с.т. 1994 ва Куралов Нусратулло, с.т. 2000 бо иттиҳоми дуздии чорвои мардум дастгир шудаанд. Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон хабар дод, ки Барфаков ва Куралов “бо маслиҳати пешакӣ, аз фурсати муносиб барои худ истифода намуда, шабона бо роҳи пинҳонӣ вориди манзилҳои истиқоматии сокинони ноҳияи Ҷ.Балхӣ гардида, аз дохили оғилхонаҳо чорвоҳои калони шохдорро тасарруф менамуданд ва маблағҳои бо роҳи дуздӣ ба даст овардаашонро барои эҳтиёҷоти шахсии худ сарф намуда, боз дар пайи амалӣ намудани нақшаҳои нави ҷинояткорона мегаштанд. Маблағи зарари расонидаашон ба сокинон 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.”

Нисбати ин ду нафар бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба онҳо ҷарима ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button