Илму фанноварӣЧеҳраҳо

САЙЁРАЕ БО НОМИ БОБОҶОНОВ. ДАРГУЗАШТИ ОЛИМИ МАШҲУРИ СИТОРАШИНОС АКАДЕМИК ПӮЛОД БОБОҶОНОВ

Академик Пӯлод Бобоҷонов, олими астрофизик, доктори илмҳои физикаву математика (1970), профессор (1973), академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1973), Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1994), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1977), рӯзи 10 феврали соли 2023 дар синни 92 аз олам чашм пӯшид.

Академик Бобоҷонов аз хушномтарин олимони намояндаи даврони Шӯравии Тоҷикистон буд, ки ба шарафаш ҳатто соли 1998 як сайёраи хурдеро дар коинот Бобоҷонов ном гузоштанд. То имрӯз ҳамагӣ 10 сайёра дар саросари коинот ба шарафи Тоҷикистон ва тоҷикистониҳо номгузорӣ шудаанд, ки якеаш ба номи академик Пӯлод Бобоҷонов аст.

Пӯлод Бобоҷонов 15 октябри соли 1930 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) дида ба ҷаҳон кушода, соли 1949 Институти педагогии Ленинобод  ба номи С. М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров) ва соле баъд ба Маскав рафта,  соли 1953 аспирантураи Институти давлатии астрономии ба номи П. К. Штернберги Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм карда буд.

Фаъолияти илмиашро дар Институти астрофизикаи АИ ҶТ оғоз намуда, ба ҳайси ходими калони илмии расадхонаи ситорашиносӣ (1954) ва мудири шуъбаи астрономияи шиҳобӣ (1958) кор кардааст. Солҳои 1959-71 директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ, 1971—1984 ректори УДТ ба номи В. И. Ленин, 1984—1993 ноиби Президенти АИ ҶТ, 1992—2002 директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ (баъдан директори фахрии он) буд. Аз соли 2003 мушовири раёсати АИ ҶТ ва

Таҳқиқоти Пӯлод Бобоҷонов ба физика ва динамикаи шиҳобҳо, тақсим шудани моддаҳои шиҳобӣ дар фазои байнисайёравӣ ва таҳаввули мадори онҳо бахшида шудааст. Ӯ мадори зиёда аз 400 шиҳоб ва 20 сели нави шиҳобиро кашф кардааст. Бо роҳбарии Пӯлод Бобоҷонов бори аввал дар Институти астрофизикаи АИ ҶТ асбоби наззорӣ-шиҳобӣ сохта шудааст, ки он ба усули нави мушоҳидаҳои фотографӣ ва радиолокатсионии шиҳобҳо асос гузошт. Пӯлод Бобоҷонов таҳқиқоти илмиро бо фаъолияти омӯзгорӣ якҷо пеш мебарад, «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1973), муаллифи 7 монография ва зиёда аз 300 кори илмӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 4 нафар рисолаи докторӣ ва 9 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Пӯлод Бобоҷонов узви Иттифоқи байналхалқии астрономӣ (1961), Ҷамъияти байналхалқии астрономии шоҳии Британияи Кабир (1994), Кумитаи байналхалқии таҳқиқоти Кайҳон (2000), бюрои комиссияи «Шиҳобҳо ва чангҳои байнисайёравӣ»-и Иттифоқи байналхалқии астрономӣ ва солҳои 1985—1988 Президенти ин комиссия буд. Ӯ дар тӯли зиёда аз 40 сол дар Ассамблеяи генералии Иттифоқи байналхалқии астрономӣ ва ҳамоишу конференсияҳои ба ҷисмҳои хурди Манзумаи Офтоб бахшидашуда (дар ИҶШС, ИМА, Англия, Фаронса, Ҷопон, Шветсия, Чехия, Итолиё, Ҳолландия, Олмон, Юнон, Филиппин, Ҳиндустон ва ғайра) ширкат ва суханронӣ кардааст. Осори илмиаш дар аксар кишварҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд.

Пӯлод Бобоҷонов бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони фахрӣ», медали «Ситораи ИДМ» (2010) ва чандин медалҳо, аз ҷумла, медали ба номи С. И. Вавилов (1977), Ҷоизаи ба номи Ф. А. Бредихин (1989), Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи С. У. Умаров (2001) сарфароз гардидааст.

Ба шарафи Пӯлод Бобоҷонов як сайёраи хурд — «Babadzhanov» (7164) номгузорӣ шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button