ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК ҶАВОН ДАР ПАНҶАКЕНТ ҲАНГОМИ АКСГИРӢ АЗ КӮҲ САРОЗЕР ШУДА, ҶОН БОХТААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 8 августи соли  2022  хабар дод, ки тайи рӯзҳои истироҳат дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи нохуши табиӣ рӯй надодааст, вале ба далели риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ як ҷавони 18-сола дар Панҷакент аз кӯҳ ба як чуқурии тақрибан 200-300 метр сарозер шуда, ҷон додааст. Ҳамчунин як кӯдаки 8-сола дар Душанбе низ қариб буд аз тирезаи қабати чоруми бино ба замин биафтад.

Бино ба иттилои кумита, сокини 18-солаи деҳаи Падрӯди ҷамоати деҳоти Шинг, воқеъ  дар кӯҳистони атрофи шаҳри Панҷакент, субҳи барвақти 7 август бо мақсади аксгирӣ ба кӯҳи Тарх  рафта, дигар барнагаштааст. Воҳиди наҷотбахши минтақаи Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафабар карда шуд ва наҷотдиҳандагон дар пайи роҳандозии амалиёти ҷустуҷӯӣ ҷасади ҷавонро аз як чуқурӣ пайдо карда, берун кашидаанд. Маълум шудааст, ки ҳангоми аксгирӣ пои ҷавон лағжидааст ва ӯ ба чуқурии тақрибан 200-300 метр сарозер шудааст.

Ҳодисаи дуюм алакай субҳи барвақти 8 август рӯй додааст. Соати 04:07 субҳи душанбе ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як сокини баташвишафтодаи бинои № 13/4 кӯчаи Алишер Навоии шаҳри Душанбе занг зада, хабар додааст, ки як кӯдак дар рӯи тирезаи қабати чоруми бино истодааст ва мехоад худро партояд.  Наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе бидуни таъхир ба ҷои ҳодиса рафта, тавассути тирезаи манзили ҳамсоя худро то пеши кӯдак расонда, ӯро аз тиреза гирифтанд. Дар тӯли ин муддат кӯдакро фелдшерҳои наҷотбахш ба гап гирифта буданд, ки мабодо ба ҷони худаш ҷабр накунад.

Маълум шудааст, ки ин кӯдак ҳамагӣ 8 сол дорад ва ӯро дар хона танҳо гузоштааст. Кӯдак субҳи барвақт аз хоб бедор шуда, тарсидааст ва азбаски дари хона бо калид баста буд, хостааст, ки аз тиреза худро ҳаво дода, ба берун барояд.

Наҷотбахшон кӯдакро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд. Сабаби кӯдакро дар хона танҳо гузоштани волидонро акнун  бояд ин мақомот муайян кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин ҳодиса бори дигар аз волидон хостааст, ки кӯдакони худро танҳо нагузоранд ва зери хатар қарор надиҳанд!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button