Хабарҳои кӯтоҳ

ДУ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ НИМ МИЛЛИОН ВА ДУ ДУЗДӢ ДАР ДӮСТӢ ВА НОРАК

Сокини 35-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки моҳи феврали соли 2022  бо роҳи фиреб аз як сокини 52-солаи Ҳисор мошини тамғаи “Тойота Камри”-ро 110 ҳазор сомонӣ нарх карда гирифта, то ҳол пулашро надодааст. Ҳамчунин сокини 30-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки  моҳи декабри соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии зани 44-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 352 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
ххххххххххххххххх

Сокини 37-солаи ноҳияи Дустӣ, Аджисланов Искандар, ки пеш 4 -маротиба бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, рӯзи 4 июн аз Панҷшанбебозор як дучархаро ба яғмо бурдааст. Сокини 31-солаи ноҳияи Фархор, Рамазони Абдулмуминзода бо гумони дар санаи 30 май дуздидани 3 телефони кӯҳна аз дӯкони тармими телефонҳо дар шаҳри Норак дастгир шудааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 7 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо роҳи қаллобӣ расонидани зарар ба миқдори махсусан калон

037

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 52-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки 13-уми феврали соли 2022, марди 35-солаи сокини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”-ро ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Ӽамзамон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе,бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи декабри соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии зани 44-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 352 ҳазор сомониро гирифта то ҳол барнагардонидааст.
Аз рўи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкоршавии ҷинояти дуздӣ дар шаҳри Норак ва ноҳияи Дӯстӣ

image 2

Баъзан нафарони ҷиноятпешаву фурсаталаб, барои амалӣ сохтани ниятҳои нопоки худ даст ба содир намудани ҷинояти дуздӣ мезананд.

Сокини ноҳияи Дустӣ, Аджисланов Искандар, соли таваллудаш 1985, ки пеш 4 -маротиба бо ҷурми дуздӣ суд шуда аст, боз такроран дар ҳолати ретсидивӣ даст ба ҷинояти дуздӣ зада аст.
Санаи 04 июни соли равон бо тариқи пинҳонӣ аз бозори Панҷшанбе, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи мазкур , як адад дучархаи тамғаи Аист-ро, ки ба шаҳрванд Бобояров Намоз таълуқ дошт, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб зада аст, ки бо ин кирдораш ба соҳибмулк ба маблағи 700- сомонӣ зарари ҷиддӣ мерасонад.
Ба ҳамин монанд як нафар сокини ноҳияи Фархор, Рамазони Абдулмуминзода соли таваллудаш 1991, зимни пешбурди корҳои фавриву ҷустуҷӯи аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак дар асоси аризаи сокини шаҳри мазкур, оиди дуздида шудани телефонҳои мобилияшон аз тарафи шахсони номаълум, дасгир гардид.
Дар рафти пурсиш номбурда дар содир намудани ҷинояти дуздӣ ба пуррагӣ иқрор гашта, муайян карда шуд ки санаи 30 майи соли равон дар бозори марказии шаҳри Норак, аз дукони таъмиркунии телефонҳои мобилӣ, ки ба шаҳрванд Саидзода Ёқубҷон таълуқ дорад, 3- адад телефонҳои мобилии тамғаҳои Леново, Флай ва Самсунгро, ки арзиши умумияшон 2000 сомонӣ мебошад, дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад, ки бо кирдори ҷинояткоронааш ба ҷабрдида зарари молӣ расонида аст.

Дар шуъбачаҳои тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ ва шаҳри Норак нисбати гумонбарони ҷиноятҳои дуздӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button