ВидеоҶанг дар Украина

УКРАИНА ГУФТ, НУҚТАИ ФАРМОНДЕҲИИ ПОЙГОҲИ 201-УМИ АРТИШИ РУСИЯРО АЗ БАЙН БУРДААСТ (АКС)

Ситоди кулли артиши Украина рӯзи 13 апрел дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки нирӯҳои Украина “дар яке аз вилоятҳо” як корвони нирӯҳои Русия, аз ҷумла нуқтаи фармондешии гуруҳи чоруми баталйонии пойгоҳи 201-уми артиши Русияро, ки дар Тоҷикистон мустақар мебошад, аз байн бурдаанд. Қаблан ҳам дар бораи аз Тоҷикистон ба Украина интиқол додани қисме аз нирӯҳои пойгоҳи 201 хабарҳо ба гӯш мерасид, вале ҷониби Русия расман инро ягон бор тасдиқ накардааст. Ҷониби Русия хабари дар Украина нобуд шудани корвони низомиаш, бо шумули нуқтаи фармондеҳии пойгоҳи 201-ро низ то ҳол шарҳ надодааст. Тасдиқи иддаои Ситоди кулли артиши Украина тавассути манобеи дигари мустақил ғайриимкон ба назар мерасад.

Дар бораи кай ва дар куҷо ҳадафи ҳамла қарор гирифтани корвони нирӯҳои Русия чизе гуфта нашудааст. Ситоди кулли артиши Украина дар Фейсбук акси як корвони ҳарбии ҳамлашуда ва ҳам маводи тарғиботии барои пойгоҳи 201 нашршударо чоп карда, танҳо ҳамин қадар хабар додааст, ки “дар яке аз вилоятҳо нирӯҳои десантии Украина ҳамроҳи нирӯҳои дигари мудофиавӣ як корхонаи ҳарбии Русияро нобуд карданд. Аз ҷумла нуқтаи фармондеҳии гуруҳи чоруми баталйонии зери итоати фаврии пойгоҳи ҳарбии 201-уми Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия аз байн бурда шуд”.

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия бо гарнизонҳояш дар шаҳрҳои Душанбеву Бохтар ва тамрингоҳи Лоҳур дар ноҳияи Рӯдакӣ наздики 7 ҳазор аскару афсарро фаро гирифта, бузургтарин пойгоҳи ҳарбии артиши Русия дар хориҷ аз ин кишвар ба шумор меравад.

Расонаҳои Украина қаблан хабар дода буданд, ки ҳудуди 800 аскару афсарро аз пойгоҳи 102-уми артиши Русия аз шаҳри Гюмрии Арманистон низ ба Украина партофтаанд.

Русия рӯзи 24 феврал ба Украина ҳамла кард. Тайи қариб 50 рӯзи набардҳо дар ин кишвар аз ҳарду тараф чандин ҳазор нафар кушта шуда, миллионҳо нафар бехонаюдар шуданд ва даҳҳо шаҳру деҳоти Украина мавриди бомбборон қарор гирифтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button