ВидеоКоррупсия

ТАСДИҚИ РАСМИИ ХАБАРИ “БОМДОД” ДАР МАВРИДИ БОЗДОШТИ СОҲИБИ МАҒОЗАИ “ҶИЛО” БО ЧАНД КИЛО ТИЛЛОВОРӢ

Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода рӯзи 2 феврал дар нишасти матбуотиаш гузориши пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар бораи боздошти молики мағозаи ҷавоҳироти “Ҷило” Гулнора Турсунбоева дар фурудгоҳи Душанберо тасдиқ кард.

“Гулнора Турсунбоева аз ҷониби кормандони КДАМ-и ҷумҳурӣ боздошт шуда, айни замон дар ҳабс қарор дорад. Ӯ ҳангоми бозгашт аз Истанбул дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Аз ӯ 9 килову 300 грамм маснуоти заргарӣ дарёфт шуд, ки ҳамагӣ 4 килояш эъломия дошта ва боқимондаашро мехост траиқи қочоқ ба Тоҷикистон ворид кунад”, – нақли қавл кардааст “Азия Плюс” аз суханони Каримзода.

Ҳамчунин роҳбари Хадамоти гумрук зикр кард, ки сардори нуқтаи гумрукии фурудгоҳи Душанбе Равшан Назирмадов низ барои мусоидат ба қочоқи ин тилловорӣ боздошт шудааст.

Мағозаи ҷавоҳироти “Ҷило” дар  пойтахт, дар кӯчаи Бухоро, 32 дар паҳлӯи толори мебели “Алфемо” ҷойгир шудааст.

Аввалин шуда, пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳанӯз рӯзи 25 январ хабари боздошти Турсунбоеваро нашр кард. Вале манобеи “Бомдод” мегуфтанд, ки ӯро бо 12 кило тилловорӣ дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, Гулнора Турсунбоева, маъруф бо номи “Гуля”, соҳибмулки силсилаи мағозаҳои тилловории “Ҷило”, рӯзи 24 январ ҳангоми боздошташ аз Истанбули Туркия дар фурудгоҳи Душанбе бо иттиҳоми  ба таври қочоқӣ ба Тоҷикистон ворид кардани 12 кило ороишоти тиллоӣ ба маблағи беш аз 600 ҳазор доллар  дастгир шуд.

Аммо дар мағозаи “Ҷило” ба “Бомдод” гуфтанд, ки ӯ дар ҳақиқат чанде пеш ба Туркия рафта буд ва бояд бармегашт, вале дар мавриди инки боздошт шуда буда бошад, кӯтоҳ ҷавоб доданд ки “Этого не может быть!” (“Ин имкон надорад!”)

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи як манбаи дигари “Бомдод”, Гулнора Турсунбоева баъди он ки бо фурудгоҳи “Туркиш ҳаво йӯлларӣ” баргашта, бидуни ягон мушкил аз фурудгоҳ баромад, ҳангоми ба мошин нишастанаш дар таваққуфгоҳи назди фурудгоҳ боздошт шудааст. “Ҳамон ҷо бори ӯро тафтиш карда, аз дарунаш 12 кило маснуоти тиллоиро ба маблағи беш аз 600 ҳазор доллар пайдо кардаанд. То ҷое шунидем, Гулнора ин бори аз Туркия овардаашро бидуни пардохти боҷу хироҷи гумрукӣ ворид кардааст”, – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Як манбаи дигар аз фурудгоҳ гуфт, “гумон меравад, ки дар қочоқи чунин миқдори бузурги ороишоти тиллоӣ ба ин зани тиллофурӯш кормандони гумруки фурудгоҳ ҳамдастӣ кардаанд, вагарна бидуни мусоидати онҳо даровардани чунин миқдори бузурги тилловори қочоқӣ аслан имкон надошт. Маҳз ҳамин шариконаш зани тиллофурӯшро аз тариқи СИП-зал бидуни ягон тафтиши бағочаш аз фурудгоҳ берун баровардаанд. Агар дастандаркорони амалиёт ягон дақиқаи дигар дер мекарданд, ӯ баромада мерафт бо 12 кило тилло.”

Гулнора Турсунбоева ягон 15 сол боз ба тиҷорати маснуоти тиллоӣ машғул буда, дар маркази шаҳр ва бозори “Корвон” чанд мағоза дорад, ки бо номи “Ҷило” маъруфанд.  Нафарони огоҳ аз вазъи бозори маснуоти тилллоии Тоҷикистон мегӯянд, Гулнора Турсунбоева яке аз тоҷирони ба истилоҳ “каттазан” дар ин бозор ба шумор мерафт, ки асосан аз Туркия  бор меовард. Ба ҳисоби онҳо, “Гуля” қариб ҳар моҳ аз Туркия барои фурӯш камаш 12 кило маснуоти тиллоӣ меовард.

“Дар пушташ одамони бақувват дошт ва аксари борашро бидуни пардохти боҷу хироҷи гумрукӣ ворид мекард. Дар натиҷа, дар бозор рақобати носолим ба вуҷуд омада буд ва онҳое, ки ҳалол кор мекарданд ва маҳсулоташонро қонунӣ меоварданд, наметавонистанд дар масъалаи нарх бо тоҷироне, ки имкони бо роҳҳои қочоқӣ овардани борро доштанд, рақобат кунанд”, – гуфт як манбаи огоҳ аз вазъи ин бозор.

Моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои қочоқ ҷазоҳои гуногуне аз ҷарима то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале дар аксари ҳолатҳо, парвандаҳои онҳое ки бо иттиҳоми қочоқ ба даст меафтанд, дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷарима  ва “шапка”-и муайян ҳаллу вал мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button