ФарҳангҲуқуқи инсонҶомеа

Инҷо Афғонистон нест-2: 5 рӯз ҳабси ронанда барои ҳамла ба шоираи шинохта Адибаи Азиз (ВИДЕО)

РВКД Душанбе хабар дод, ки сокини 30-сола шаҳри Душанбе Шералӣ Кенҷаев бо ҷурми ҳамла ба шоираи шинохта Адибаи Азиз ба 5 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст. РВКД гуфт, Кенҷаев шаби 18 ноябр дар кӯчаи Анзоб ба Адибаи Азиз дарафтода, нисбаташ рафтори дағалона кардаву бо суханони қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Адибаи Азиз дар суҳбат бо сомонаи “Бомдод” гуфт, он шаб бо либоси хонагӣ барои харидани нон берун баромада буд, вале дар роҳ як мошин аз пасаш таъқиб кард. Ронанда ба Адиба  бо дашномҳои қабеҳ таҳдид кардааст, ки ё пул бидиҳад ваё ба мошинаш савор шавад. Адибаи Азиз гуфт, ба ҳамлагар пулҳояшро доду халос хӯрд, вале аз он рӯз ба баъд то замони боздошти ин одам аз тарс аз хонааш берун намебаромад.

Баъди эълони ҳукми Шералӣ Кенҷаев, Адибаи Азиз дар Фейсбук навишт, ки фақат ба хотири гиряву зорӣ ва таваллои модараш ин нафарро бахшид ва ба муҷозоти шадидтараш пойфишорӣ накард.

5 шабонарӯз: Ҳабси ронанда барои дағалрафторӣ

Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон зери таваҷҷӯҳи бевоситаи роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт қарор дорад. Тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандон ба таври фаврӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нафарони гумонбар боздошт ва ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.
  Чунончи ҳафтаи сипаришуда шаҳрванд Адибаи Азиз истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва шоираи хушкалом ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ дар он хусус муроҷиат намуд, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел» чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда нисбаташ санаи 18-уми ноябри соли ҷорӣ ҳангоми дар кӯчаи Анзоби ноҳияи И. Сомонӣ карор доштанаш дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Муроҷиати мазкур бевосита таҳти назорати роҳбарияти милитсияи пойтахт қарор гирифта, шахсияти ронанда муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
  Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Кенҷаев Шералӣ Абдухолиқович соли таваллудаш 25-уми январи 1990 сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Фирдавсӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» рақамҳои қайди давлатиаш 8362РР 01 мебошад, ки қаблан бо моддаи 200 қисми як Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Зимни пурсиш дастгиршуда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат санаи мазкур нисбати муроҷиаткунанда бо алфози қабеҳ дашном додаву шаъну шарафашро паст задааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Шералӣ Кенҷаев барои кирдорҳои майдаавбошона бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд ба муҳлати 5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои мусоидат ва худро бетараф нагирифтан ҷиҳати ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани нафарони қонуншикан ба муроҷиаткунанда изҳори сипос менамояд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

اديبه عزيز Адибаи Азиз

Дӯстони азиз, ҳисси ман ҳеҷ гоҳ фиребам намедиҳад. Ҳамеша аз он иттифоқи нохуш эҳсос мекардам, ки ин фард майл ба нашъа дорад. Ва ҳамин лаҳзаҳо ҳам ба қатори шумо хабари мазкурро хонда огаҳ шудам, ки қаблан ба ҷавобгарӣ кашида шудааст!

МАН МЕТАВОНАМ ШИКОЯТ БАРАМ, КИ 5 РӮЗ НЕ, 15 РӮЗ БА ҲАБС ГИРИФТА ШАВАД!

ВА БАРОИ РӮЁНДАНИ ЗАРАРИ МАЪНАВӢ АЗ 500 С ТО 100 000 СОМОНӢ БА СУДИ Н.ИСМОИЛИ СОМОНӢ МУРОҶИАТ НАМОЯМ!

ҲАМАИ ИН ГУЗАШТҲОИ МАН БА ХОТИРИ ГИРЯҲОИ ЗОР-ЗОРИ МОДАРАШ МЕБОШАД. МОДАРИ БЕЧОРА БИСЁР ТАВАЛЛО НАМУД, КИ ДАР БИСОТИ УМРАШ ЯК ПИСАР ДОРАД ВА ЗИНДАГИАШОНРО БА ТАКСӢ ЗАДАН ПЕШ МЕБАРАНД…

БОҚӢ ҚАЗОВАТ АЗ ШУМОСТ.

КАСОНЕ, КИ АЗ АВБОШҲО ПУШТИБОНӢ ДОРАНД, ХУДО, Ӯ БАРОМАДА ҲАМСАРУ ХОҲАРУ МОДАРУ ДУХТАРҲОИ ШУМОРО ДАШНОМҲОИ ҚАБЕҲ ДОДА, ТАҲДИДУ ТАВҲИН КУНАД. ВА ШУМО ОН ГАҲ БА ҲЕҶ МАҚОМОТ МУРОҶИАТ НАКУНЕД.

ШУМО БУЗУРГУ БАХШАНДА БОШЕД, МАН БУЗУРГ НЕСТАМ!

ХЕЛЕ ГУЗАШТ КАРДАМ НИСБАТАШ, ОН ҲАМ БА ХОТИРИ МОДАРАШ, КОФИСТ!

اديبه عزيز Адибаи Азиз

БАЛАД НЕСТАМ, МОДАР…

Ба ҳеҷ кас иҷозат намедиҳам, ки шахсиятамро таҳқир кунад.

То вопасин нафасам, аз ҳаққи худ ва аз ҳаққи хонумҳои арзишманду поктинат дифоъ хоҳам кард. Бароям ҳеҷ фарқе надорад, ки инсонҳо бо кадом либос зоҳир мешаванд.

Либоси инсон дақиқан бозгӯи ахлоқаш нест!

Он шоми боронӣ ҷодаҳо тираву торик буд, ман дар тан либосҳои хеле ҳам хоксорона, кафши паст ва шарф доштам. Монанди як хоҳари кӯчарӯб, яъне сару либосам ҷолиб набуд. Дар зимн, ман он қадар, ки ба як зани кӯчарӯб эҳтиром мегузорам, ба ҳеҷ як зани дигар чунин ҳурмат қоил нестам. Ҳамеша бо онҳо салом медиҳам ва мепурсам, духтари хушрӯ ё апаҷони ман, ҳаво сард аст, хунук намехӯрӣ? Касе ранҷу озорат намедиҳад? Агар эҳсоси хатар кардӣ, фарёд кун, натарс, ту танҳо нестӣ. Панҷараи ман канори шоҳроҳ аст, то нимашабҳо бедорам, ҳатман пуштибониат мекунам. Мехоҳӣ бароят хӯрданӣ ва чойи гарм биёрам?

ХУДО ШОҲИД.

Дар коргоҳ ҳам аз дасти фаррошзани нуронӣ ҳамеша асбоби корашро мегирам ва худам дафтарамро тоза мекунам. Як зани қадбаланди нуронист, дуои давлатам медиҳад. Аз лабханду миннатдории ӯ бароям ҳеҷ подоше қимматтар дар дунё вуҷуд надорад…

Вале агар як нафари хиёбонӣ ва каси тасодуфӣ ҳаққамро зери по андозад, ба шахсиятам бирасад, аз ман ҳақталоштару интиқомгар намеёбед.

Иҷозат намедиҳам, ки ҳар бангиву ҳангӣ бо садои баланд зӯроварӣ кунад, баъд ба зону нишаста маъзарат бихоҳад. Ба нолаҳову зориҳои ҳеҷ як марду бешарафу зани беарзиш раҳмам намеояд. Вале ба гиряҳои зор-зори модараш дилам сӯхт. Зиёд сахтгирӣ накардам, он ҳам ба хотири модараш! Ҳеҷ модар намехоҳад, ки фарзандаш боиси ғаму ғусса ва озордиҳандаву сарафкандаи ҷомеа бошад. Ба хотири зораву таваллои модараш, бигзор рӯзҳои камтаре пушти панҷара бишинад. МУҲИМ ИСЛОҲ ШАВАД!!!

Модари азиз, даркам намо, лутфан.

МАН БАХШИДАНРО БАЛАД НЕСТАМ!

Фарзандат бояд муҷозот мешуд. Ин таҷрибаи талх дар оянда дарсаш хоҳад гашт, то ҷое, ки натанҳо ман ва манҳоро, балки ҳеҷ як хонуми кӯчарӯбро ҳам мавриди таҳқиру тавҳин қарор надиҳад.

Не на того напал!

Адибаи Азиз

·Ин ҷо Афғонистон нест!

Раёсати ВКД-и Тоҷикистон, ронандаи мазкурро, ки мехост бо роҳи зӯроварӣ, фишор ва таҳқиру таъқиб маро савори мошини худ кунад, дастгир намуд.

Ин акс марбут ба як раҳзан, як қаллоб, як занозор, дар маҷмӯъ як авбош аст!

ЛУТФАН КАСОНЕ, КИ ИН НАФАРРО МЕШИНОСАНД, БА ВИЖА ДУХТАРОН, АГАР АЗ ТАРАФИ Ӯ МАВРИДИ ТАҲДИД, ФИШОР, ХУШУНАТИ ЛАФЗӢ Ё ҶИНСӢ ВА ДИГАР АМАЛҲОИ ЗӮРОВАРӢ ҚАРОР ДОШТЕД, ШИКОЯТ БАРЕД! Мутмаинам аз дасти ӯ духтарони зиёде озори рӯҳӣ ва осеби ҷинсӣ дидаанд. Ва низ мутмаинтарам, ки қаблан мушкил бо қонун бисёр дошт ва ҳанӯзам дорад! Мо набояд бо ахлоқи зишти чунин афрод созиш кунем, хомӯш бишинем. Иштибоҳи маҳз мешавад, агар аз онҳое, ки оромии ҷомеаро дар фазои осоиштаи давлати демократӣ-дунявӣ халалдор месозанд, гузашт намоем. Бидуни шак, бемуҷозот мондани ин авбош боиси садамаҳои равонии чандин занони дигари раҳгузар хоҳад шуд!

ДИФОЪ АЗ ҲАҚҚИ ХУД НАХУСТИН ИҚДОМ БА САМТИ ОЗОДӢ ВА АМНИЯТИ ХУСУСИИ ШУМО ХОҲАД БУД. ТАЛОШИ МО ТАНҲО БА ХОТИРИ АДОЛАТИ ИҶТИМОИСТ.

Дар ҷустуҷӯи гумонбар, лейтенанти милитсия Маҳмадизода Амонулло Сафовидин саҳми сазовор гузошт, воқеан ӯ дар як муддати кӯтоҳ шахсияти авбошро муайян сохт.

Бо истифода аз ҳарими хусусиям,

ба муҳтарам Раҳимзода Рамазон, генерал-полковники милитсия, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷустуҷӯи оҷилонаву профессионалии чунин кадрҳои ҷавону умедбахш, ростқавл ва ҷиддӣ изҳори сипос менамоям.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button