Хабарҳои кӯтоҳ

Қасди куштори ҳамсар аз ҷониби сокини Конибодом – дуюмин ҳодиса дар чанд рӯзи охир

Сокини 40-солаи Конибодом бо иттиҳоми қасди куштори ҳамсараш дастгир шудааст. ВКД гуфт, ки ӯ субҳи 30 ноябр, соати 9:30 дар ҳавлиаш бо ҳамсари 36-солааш “аз ҳиссиёти оштинопазирӣ” ҷанҷол карда, бо корд 2 маротиба ба гардани ҳамсараш задааст.

Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин ҳодисаи ҳамла ба ҳамсарон аз ҷони шавҳарҳояшон дар Тоҷикистон аст.

ВКД як рӯз қабл хабар дод, ки Урозбек Қарақулов, сокини ҷамоати Норини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 ноябр дар манзилаш дар заминаи рашки беасос ҳамсари 32-солааш, модари 3 фарзанд Бибихол Бобоҷоноваро бо чанд зарби корд куштааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 1 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Сӯиқасди куштори ҳамсар бо истифода аз корд

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини деҳаи Лоҳутии шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар ба сӯиқасди одамкушӣ, дастгир карда шуд.
Номбурда, 30-юми ноябри соли 2020, тахминан соати 09:30-дақиқа, аз ҳиссиёти оштинопазирӣ бо ҳамсараш зани 36-сола, дар ҳавлии истиқоматиашон ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 2 маротиба ба гардани ҳамсараш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо модддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 35-солаи сокини кӯчаи Пахтакори ноҳияи мазкур ворид гардид, ки моҳи сентябри соли 2020, воқеъ дар назди маркази савдои «Ситора»-и пойтахт марди 23-солаи сокини кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Хундай»-ро 140 000 сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button