Ҷомеа

ҶАВОН БАРОИ ҚАПИДАНИ ДАСТИ ДУХТАР ҲАБС ШУД, ДУХТАРРО БОШАД ҶАРИМА БАСТАНД

Шоми 3 декабр дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн гардид, ки дар он ҷавондухтаре ба дағалгуфторӣ роҳ дода, даъво дорад, ҷавонписари номаълуме ба ӯ дарафтода, ӯро дар ҷои ҷамъиятӣ мавриди дашному ҳақорат қарор додааст. Маркази матбуоти РВКД Душанбе рӯзи 5 декабр хабар дод, ки дар натиҷаи таҳқиқи навор аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ҳарду иштирокчиёни ҳодиса муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд, ки онҳо Ашурализода Баҳоваддин, санаи таваллудаш 18.03.1991, сокини шаҳри Бохтар, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва Назарова Манижа Умедуллоевна, санаи таваллудаш 05.01.1996, сокини шаҳри Душанбе будаанд.
 “Зимни баррасӣ ва пурсиши ҳарду ҷониб муайян карда шуд, ки санаи 3 декабр, тахминан соати 16.30 дақиқа ҳангоми дар кӯчаи Зарнисор, назди бозори Корвон қарор доштани шаҳрванд Назарова Манижа ҷонибаш шаҳрванд Ашурализода Баҳоваддин дарафтода, баъди қапидани дасташ номбурдаро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор дода тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст. Дар ҷавоб ҷавондухтар Назарова Манижа низ нисбати ҷавонписар Ашурализода Баҳоваддин дағалрафторӣ намуда, суханҳои қабеҳ задааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи РВКД пойтахт.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳарду иштирокчиёни ҳодиса тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар натиҷа кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҳарду дар маҷлиси ошкорои судӣ баррасӣ ва нисбати амалҳои зиддиҳуқуқии онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода шуда. Сипас бо қарори суд нисбати шаҳрванд Ашурализода Баҳоваддин ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.

Ҳамчунин бо қарори суд барои дағалгуфторӣ дар ҷои ҷамъиятӣ нисбати Назарова Манижа ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин гардид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button