ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ДУШАНБЕ 247 РАСМИ ЯК РАССОМИ ЗАНРО БА МАБЛАҒИ 50 ҲАЗОР ДОЛЛАР ДУЗДИДААНД

Як марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки 20 сентябр пинҳонӣ ба хонаи ҷавонзани 26-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо 247-адад расмҳои ба тариқи дастӣ кашидашударо дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 50 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

ххххххх

Зани 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳрак дар Исфара ба дуздии 30 ҳазор сомонӣ аз хонаи як марди ҳамсояаш гумонбар мешавад.

ххххххххх

Як зан 35-солаи сокини ҷамоати А.Абдулвосиев дар Ваҳдат ба қаллобӣ ба маблағи 263 ҳазор сомонӣ ва  як сокини пойтахт ба қаллобӣ ба маблағи 36 ҳазор доллар гумонбар мешаванд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 14 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ифшо гардидани дуздии маблағ ва расмҳои ба тариқи дастӣ кашидашуда

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 29-уми сентябри соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии ҷавонзани 26-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо 247-адад расмҳои ба тариқи дастӣ кашидашударо дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 50 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Инчунин ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара бо ариза марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 28 ба 29-уми сентябри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 30 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳрак бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани 2 ҳолати қаллобӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиеви шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 13-уми июли соли 2021, зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи 20-солагии Истиқлолияти шаҳри Ваҳдатро гирифта, ваъда додааст, ки ҳуҷҷатҳои мазкурро дуруст карда медиҳад, аммо хонаи истиқоматиро ба маблағи 263 ҳазор сомонӣ ба дигар шахс фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2014 дар назди бинои истиқоматиаш марди 44-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аз ин маблағ 14 ҳазор доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда маблағи 36 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button