АфғонистонВидеоСиёсат

ДОКТОР АБДУЛЛОҲ ХАБАРИ БОЗДОШТАШ АЗ СӮИ ТОЛИБОНРО БЕБУНЁД НОМИД

Доктор Абдуллоҳ, сиёсатмадори шинохтаи Афғонистон дар саҳифааш дар Твиттер сарусадоҳо дар бораи боздошташ аз сӯи Толибонро рад кард ва “хабари дурӯғу бебунёд” номид. Доктор Абдуллоҳ гуфт, аз журналисти ҳиндие, ки ин хабарро паҳн кардааст, хостааст, то ки “дар оянда ҳирфаӣ амал кунад ва хабарҳояшро пеш аз нашр дуруст бисанҷад.”

Рӯзи ҷумъа, 10 сентябр аз қавли Навин Капур ном журналисти ҳиндӣ дар расонаҳо хабаре нашр шуд, ки гӯё доктор Абдуллоҳро дар Кобул ҷангиёни Толибон дастгир карда, ба макони номаълум будаанд.

Доктор Абдуллоҳ, ки рақиби асосии Ашраф Ғанӣ дар ду интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Афғонистон буд ва ҳар ду дафъа иддао дошт, ки интихоботро ӯ бурдааст, то омадани Толибон раёсати Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро бар уҳда дошт. Як масъулияти асосии ин ниҳод музокироти сулҳ бо дафтари сиёсии Толибон дар Давҳа, пойтахти Қатар буд.

Баъди фирори Ашраф Ғанӣ ва Кобул ва ҳамин тавр, аксарияти манотиқи Афғонистонро тасарруф кардани Толибон, доктор Абдуллоҳ тарки Кобул накард ва ҳамроҳ бо раисиҷумҳури собиқ Ҳамид Карзай ва сарвазири собиқ Гулбуддин Ҳикматёр Шӯрои ҳамоҳангсозиеро ташкил дод, ки ҳадафаш  таъмини интиқоли сулҳомези қудрат аз маъмурияти қаблӣ ба Толибон гуфта мешуд.

Аз ин миён роҳбарони Толибон Гулбуддин Ҳикматёро ба ҳайси имоми намози ҷумъа дар як масҷиди Кобул  таъйин карданд, вале ба Карзай ва Абдуллоҳ таваҷҷуҳе зоҳир нашуд. Баракс ҳафтае баъди тасарруфи Кобул хабар омад, ки Толибон ҳамаи муҳофизони доктор Абдуллоҳ ва Карзайро халъи силоҳ карда, ба онҳо гуфтаанд, ки ниёзе ба нигоҳ доштани муҳофизон вуҷуд надорад, чунки амнияти ҳардуро дар Кобул худи Толибон таъмин мекунанд.

Баъди халъи силоҳ шудани муҳофизонаш Карзай бо аҳли оилаи худ ба хонаи доктор Абдуллоҳ кӯчид.

Доктор Абдуллоҳ 5 сентябри соли 1960 дар Кобул ба дунё омадааст. Падари ӯ аз тоҷикҳои Панҷшер ва модараш пашту мебошанд. Доктор Абдуллоҳ соли 1984 риштаи тиббии Донишгоҳи Кобулро хатм карда, аз соли 1986 то 1992 раҳбари идораи тандурустӣ ва сартабиби муҷоҳидин дар сарзаминҳои таҳти назорати Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Дар нимаи дуюми солҳои 90 доктор Абдуллоҳ сухангӯи Аҳмадшоҳи Масъуд ва Эътилофи шимол буд.

Дар музокироти Бонн дар поёни соли 2001 доктор Абдуллоҳ ба мақоми вазири хориҷа дар ҳукумати муваққати Ҳамид Карзай баргузида шуд. Ӯ дар се интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Афғонистон дар солҳои 2009, 2014 ва 2019 рақиби асосии Ҳамид Карзай (дар соли 2009) ва Ашраф Ғанӣ (дар ду интихоботи дигар) буд. Вале ҳар се дафъа пирӯзиро ба рақибони ӯ доданд.

Соли 2014 бар асоси муомила ӯ дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ мақоми раиси ҳукуматро ба даст овард. Баъди интихоботи соли 2019 низ бар асоси чунин як муомила Ашраф Ғанӣ доктор Абдуллоҳро, ки худро ғолиби интихобот ва президент эълон карда буд, ба мақоми раиси Шӯрои олии сулҳ таъйин кард.

Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки дар Панҷшер кушта шуд, писархолаи доктор Абдуллоҳ буд. Аммо доктор Абдуллоҳ то кунун мавқеашро дар мавриди ин Ҷабҳа, ки ба муқобили Толибон меҷангад,  рӯшан эълон накардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button