Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ
ШУМОРАИ РАСМИИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН БА 17 ҲАЗОР НАЗДИК ШУД
Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 4 сентябр хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳури 23 ҳолати нави сирояти шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар ин муддат 24 нафар аз ин вирус шифо ёфтаанд ва хушбахтона, касе нафавтидааст.
Дар маҷмӯъ, бино ба омори расмии вазорат, аз аввали бақайдгирии пандемия то шоми 3 сентябр дар кишвар 16 963 ҳолати гирифторӣ ба коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 829 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд, вале 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд. Аз омори вазорати тандурустӣ бармеояд, ки то шоми 3 сентябр дар Тоҷикистон чӣ дар шароити хона ва чӣ дар бемористон ҳамагӣ 10 нафар аз коронавирус табобат мегирифтанд.