Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ШУМОРАИ РАСМИИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН БА 17 ҲАЗОР НАЗДИК ШУД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 4 сентябр хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳури 23 ҳолати нави сирояти шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар ин муддат 24 нафар аз ин вирус шифо ёфтаанд ва хушбахтона, касе нафавтидааст.

Дар маҷмӯъ, бино ба омори расмии вазорат,  аз аввали бақайдгирии пандемия то шоми 3 сентябр дар кишвар 16 963 ҳолати гирифторӣ ба коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 829 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд, вале 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд. Аз омори вазорати тандурустӣ бармеояд, ки то шоми 3 сентябр дар Тоҷикистон чӣ дар шароити хона ва чӣ дар бемористон ҳамагӣ 10 нафар аз коронавирус табобат мегирифтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button