ДАР ҲИСОР 5 ЛӮЛИЗАН БО БАҲОНАИ ОБНӮШӢ АЗ ЯК ХОНА ПУЛУ ҶАВОҲИРОТИ ЗИЁДРО ДУЗДИДААНД
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 3 майи соли 2024
Ифшо шудани дуздии маблағу ҷавоҳирот аз хонаи истиқоматӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор аризаи зани 26-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 30-юми апрели соли 2024, тахминан соати 14:30-дақиқа, 5 лӯлизан бо мақсади обнӯшӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, бо роҳи пинҳонӣ аз он ҷо 200 доллари амрикоӣ, 1000 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро, ки арзиши умумиашон 31 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 34 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро занони 30, 29, 26, 33 ва 37-солаи сокинони шаҳри Ҳисор содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Даст ба қаллобӣ задани марди 42-сола
Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе, моҳи октябри соли 2023 дар кӯчаи Румии шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини ноҳияи Восеъ даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоиро ҳамчун қарз гирифтааст.
Номбурда ваъда додааст, ки хонаи истиқоматиашро фурӯхта маблағи мазкурро бармегардонад, аммо ӯ маблағи ба дастовардашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.