ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР ҚИРҒИЗИСТОН МОШИНИ БОРКАШИ ПУР АЗ ЯХМОС 29 КӮДАКРО ПАХШ КАРД

Рӯзи 2 майи соли 2024 дар ҷараёни як чорабиниии оммавии бахшида ба достони миллии қирғизӣ “Манас”  дар ноҳияи Сӯзаки вилояти Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон  як мошини боркаши тамғаи Porter аз баландӣ ба ҳаракат даромада, 29 кӯдакро пахш кард. Маълум нест, ки ронандааш барои чӣ муҳаррики ин мошини пур аз яхмосро хомӯш накардааст? Дар видеои нашршуда аз ҷои ҳодиса дида мешавад, ки мошин ногаҳон ба тарафи издиҳом ба ҳаракат даромада, кӯдаконеро, ки дар рӯи сабза нишаста достони “Манас”-ро қироат мекарданд, пахш мекунад. Ин ҳодиса дар лаҳзае рух дод, ки гуруҳи дигари иштирокчиён парчами бузурги Қирғизистон дар рӯи дастонашон тоза вориди майдон мешуданд. Агар мошин лаҳзае дертар ба ҳаракат медаромад, шояд шумораи қурбониён боз ҳам бештар мешуд.

Бино ба иттилои вазири тандурустии Қирӯизистон Олимқодир Бейшеналиев, дар натиҷаи ин ҳодиса 29 кӯдаки синнашон аз 9 то 16, ки дар қироати оммавии достони “Манас” иштирок доштанд, ҷароҳат бардоштаанд. 7 тан аз кӯдакони маҷруҳро дар шуъбаи реаниматсияи бемористони вилоятии Ҷалолобод хобонидаанд ва табибон вазъи сеи онҳоро вазнин мегӯянд.

Се кӯдаки дигарро дар бемористони  ноҳияи Сӯзак ва 8 тани дигарро дар Маркази умумии тиббӣ бистарӣ кардаанд. Ба 11 маҷруҳи дигар дар ҷои ҳодиса кумаки тиббӣ расонда, онҳоро барои табобати амбулаторӣ ба хонаҳояшон фиристодаанд.

Дар милитсияи вилояти Ҷалолобод гуфтаанд, ки ҳодиса тақрибан соати 13:30 дар деҳаи Ҷиргатоли ноҳияи Сӯзак дар ҷараёни маросими қироати оммавии достони “Манас” рух дод. Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ронандаи мошин, соли таваллудаш 1976, алакай дастгир шудаст. Дар робита ба ин ҳодиса идораи милисаи Сӯзак тафтишот пеш бурда истодааст.

Роҳҳои Қирғизистон аз лиҳози садамаҳо хеле пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар соли 2023 дар роҳҳои Қирғизистон 6 ҳазору 945 садама рух дода, 783 кушта ба ҷо гузошт. Ин аз лиҳози сатҳи садамаҳои маргбор назар ба як соли қабл, ки бар асари 7 ҳазору 40 садама дар роҳҳои Қирғизистон 690 нафар кушта ва беш аз 1 ҳазор нафари дигар маҷруҳ шуданд,  13,5% бештар аст.

Дар умум, дар се соли охир дар роҳҳои Қирғизистон 2342 нафар, аз ҷумла 316 кӯдак ба ҳалокат расиданд.

Ин назар ба Тоҷикистон тақрибан 2 маротиба бештар аст. Ҳар сол дар роҳҳои Тоҷикистон то 1500 садама рух дода, то 400 кушта ва ҳудуди 1200 захмӣ ба ҷо мегузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Натанҳо ронанда, балки ташкилкунандагони чорабинӣ ҳам гунаҳгоранд, чаро дар теппа? Ягон майдони варзишӣ ё ҳамвор набуд? Худо шифои комилу оҷил насибашон гардонад, омин!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button