Хабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТГАРӢ ДАР КӮЛОБ ВА ДУЗДИИ 4 САР ЧОРВОИ ХУРД ДАР ХУРОСОН

Сокини 27-солаи қаблан ҳам барои ғоратгарӣ судшудаи шаҳри Кӯлоб ба он гумонбар мешавад, ки шаби 29 август, соати 21:40 дар маҳаллаи Ш.Шоҳин бо ҷавонзани 25-солаи сокини Кӯлоб ҷангу ҷанҷол карда, аз гӯшу гардани ҷабрдида 1-адад гарданбанди тиллоӣ ва 1-адад гӯшвори тиллоӣ ва аз дасташ 2-адад корти Душанбе-ситиро бо зӯрӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
ххххххххх

Сокини 33-солаи ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон ба он гумонбар мешавад, ки асри 30 август, соати 18,  аз заминҳои деҳаашон 4-сар чорвои майдаи шохдори мутааллиқ ба зани 37-солаи ҳамдеҳаашро дуздида, ба вай ба маблағи 8500 сомонӣ зарар расондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 3 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани марди 27-сола бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, пеш суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 29-уми августи соли 2021, тахминан соати 21:40-дақиқа, ҳангоми дар маҳаллаи Ш.Шоҳини шаҳри мазкур қарор доштанаш бо ҷавонзани 25-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, аз гардани ҷабрдида 1-адад гарданбанди тиллоӣ, 1-адад гушвори тиллоӣ ва 2-адад корти Душанбе-ситиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза зани 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 30-юми августи соли 2021, тахминан соати 18:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои деҳаашон 4-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button