ҒОРАТГАРӢ ДАР КӮЛОБ ВА ДУЗДИИ 4 САР ЧОРВОИ ХУРД ДАР ХУРОСОН
Сокини 27-солаи қаблан ҳам барои ғоратгарӣ судшудаи шаҳри Кӯлоб ба он гумонбар мешавад, ки шаби 29 август, соати 21:40 дар маҳаллаи Ш.Шоҳин бо ҷавонзани 25-солаи сокини Кӯлоб ҷангу ҷанҷол карда, аз гӯшу гардани ҷабрдида 1-адад гарданбанди тиллоӣ ва 1-адад гӯшвори тиллоӣ ва аз дасташ 2-адад корти Душанбе-ситиро бо зӯрӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
ххххххххх
Сокини 33-солаи ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон ба он гумонбар мешавад, ки асри 30 август, соати 18, аз заминҳои деҳаашон 4-сар чорвои майдаи шохдори мутааллиқ ба зани 37-солаи ҳамдеҳаашро дуздида, ба вай ба маблағи 8500 сомонӣ зарар расондааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 3 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Боздошт гардидани марди 27-сола бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, пеш суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 29-уми августи соли 2021, тахминан соати 21:40-дақиқа, ҳангоми дар маҳаллаи Ш.Шоҳини шаҳри мазкур қарор доштанаш бо ҷавонзани 25-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, аз гардани ҷабрдида 1-адад гарданбанди тиллоӣ, 1-адад гушвори тиллоӣ ва 2-адад корти Душанбе-ситиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза зани 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 30-юми августи соли 2021, тахминан соати 18:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои деҳаашон 4-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.