Иқтисод

ДАРГУЗАШТИ БОБОҶОН ПИРАКОВ, СОБИҚ НОИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА СОБИҚ НОИБИ ШАҲРДОРИ КӮЛОБ

Бобоҷон Пираков, яке аз собиқадорони соҳаи сохтмони вилояти Хатлон дар синни 76 даргузашт. Маросими намози ҷанозаи Бобҷон Пираков, рӯзи 13 август, пеш аз намози пешин дар шаҳри Кӯлоб баргузор шудааст.

Бобоҷон Пираков беш аз 30 сол дар вазифаҳои гуногуни роҳбаро дар муассисаҳои сохтмонии минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла дар шабакаи обёрии ноҳияҳои Фархор ва Чӯбек (Ҳамадонӣ); ПМК 17, ПМК 3; Трести Кулобводстрой; ҷонишини раиси гаҳри Кӯлоб оид ба сохтмон; сардори Облводхози шаҳри Кӯлоб; ҷонишини раиси вилояти Хатлон; менеҷери Барномаи барқарорсозии хонаҳои истиқоматӣ дар вилояти Хатлон; раиси колхози ба номи Синои ноҳияи Восеъ; мудири кулли ҶСК “Кӯлобдеҳсохтмон” кор кардааст.

Осори заҳматҳои Бобоҷон Пираковро, ба гуфтаи наздикону шогирдонаш, метавон дар саросари вилояти Хатлон ба чашм дид. Саҳми ӯ бахусус дар барқарор кардани ҳазорон хонае, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ сӯзонда буданд, назаррас гуфта мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button