ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ҲАБСИ АШӮРОВ – ТОҶИКИ 16-УМИ МУТТАҲАМ ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ “КРОКУС”

Рӯзи 16 апрели соли 2024  додгоҳи ноҳияи Маскави шаҳри Твери Русия бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи террористӣ дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав Ашӯров ном зодаи Тоҷикистонро ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ашӯров, ки хадамоти матбуоти додгоҳ исми аввали ӯро нашр накардааст, инак 16-умин зодаи Тоҷикистон аст, ки дар чорчӯби ин парвандаи пурсарусадо ба ҳабс гирифта шуд.

Бино ба иттилои тафтишот, Ашӯров, ки шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад, дар манзилаш  бародарон Аминҷон ва Диловар Исломовҳоро дар хонааш ба таври қалбакӣ сабти ном кардааст. Исломовҳо барои ҳамдастӣ ба омилони ҳамлаи “Крокус” бар асоси моддаи 205 Кодекси ҷиноятии Русия ба амали террористӣ айбдор мешаванд.

Ба зидди худи Ашӯров бо моддаи сабуктари 322.2 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми сабти ном қалбакӣ парванда кушодаанд. Худи Ашӯров ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале хадамоти матбуоти додгоҳи ноҳияи Маскав гуфт, ки ӯ дар ҷараёни мурофиа гуноҳро ба гардан гирифт ва тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат дар хонааш Исломовҳоро сабти ном карда буд. Бародарон Исломовҳо дар вилояти Твер такси меронданд ва  тиҷорати мошин низ доштанд. Тафтишот мегӯяд, ҳамлагарон рӯзи 22 март бо мошини тамғаи “Рено Симбол”, ки ба номи Диловар Исломов буд, ба “Крокус” омада, баъди анҷоми ҳамла бо ҳамин мошин фирор карданд.

Исломовҳо, ки якеаш домоди Фаридуни Шамсиддин, раҳбари эҳтимолии ҳамлагарони “Крокус” буд, ба ин хешованди худ фурӯхтани мошинро рад намекунанд, вале мегӯянд, дар бораи қасди ҳамла доштани ӯ хабар надоштанд. Аммо тафтишот бар ин аст, ки Фаридуни Шамсиддин яке аз бародаронро ҳанӯз моҳи январ ва дуюмиро рӯзи 11 март, яъне ҳамагӣ 11 рӯз қабл ба саффи гуруҳи худ ҳамроҳ кардааст ва Исломовҳо ҳамлагаронро нафақат бо мошин, балки бо сабти ном дар хонаи худ низ таъмин карда, барояшон пул ҳам кашондаанд.

Ёдовар мешавем, 22 марти соли 2024 чор нафари мусаллаҳ ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, пойтахти Русия ҳамла карда, мардумро тирборон карданд. Дар натиҷаи тирборон ва сӯхтори баъдӣ 144 кас кушта шуд. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла то имрӯз дастикам 18 нафар дастгир шудаанд, ки 16 нафараш, аз ҷумла ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, мутаассифона, аз Тоҷикистонанд.

11 нафари онҳо (10 зодаи Тоҷикистон ва як зодаи Қирғизистон) билофосила як рӯз баъди ҳамла дар шаҳру вилояти Маскав ба даст афтода, се нафари дигар (як сокини Доғистон ва ду зодаи Тоҷикистон) дар поёни моҳи март дар Доғистон дастгир шуданд. Дар аввали моҳи апрел ФСБ хабар дод, ки дар шаҳрҳои Маскав, Екатеринбург ва Омск боз 3 зодаи Осиёи Марказиро, ки якеаш шаҳрвандии Русияро дорад, бо гумони кумак ва ҳамдастӣ дар ҳамлаи  Красногорск дастгир кардаанд. Бархе расонаҳои Русия хабар доданд, ки ин се нафар низ аз Тоҷикистонанд.

То имрӯз исми 13 нафар аз дастгиршудагон дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” маълум шудааст. Инҳо:

Афроди муттаҳам ба анҷоми ҳамла:

  1. Фаридуни Шамсиддин, саркардаи эҳтимолии ҳамлагарон, зодаи деҳаи Лойоб дар канори шаҳри Ҳисор
  2. Саидакрами Раҷабализода, зодаи шаҳри Ваҳдат
  3. Далерҷон Мирзоев, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ
  4. Муҳаммадсобир Файзов, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ

Афроди муттаҳам ба кумак ба ҳамлагаро:

  1. Алишер Қосимов, зодаи шаҳри Ӯши Қирғизисто, шаҳрванди Русия, Фаридуни Шамсиддин дар Красногорск хонаи ӯро иҷора гирифта буд.
  2. Исроил Исломов, падар
  3. Аминджон Исломов, писари калонӣ
  4. Диловар Исломов, писари хурдӣ. Соҳиби қаблии мошини рангаш сафеди тамғаи “Рено”, ки дар ҳамла истифода шуд. Исломовҳо худро бегуноҳ мешуморанд. Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия гуфта буд, ки Исломовҳо ҳамлагаронро нафақат бо мошину манзил таъмин кардаанд, балки барои онҳо пул ҳам интиқол додаанд.
  5. Лутфуллои Назримад, зодаи шаҳри Душанбе. Дар як ҳостел дар назди истгоҳи метрои “Шёлковская” зиндагӣ мекард. Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо дар “Крокус” дар шоми ҳамла дастгир шуд. Мисли Юсуфзода, ӯро ҳам дар аввал барои саркашӣ аз иҷрои амри пулис 15 шабонарӯз ҳабс карда, баъдан ба зиддаш бо иттиҳоми терроризм парванда кушоданд.
  6. Яъқубҷони Давлатхони Юсуфзода, зодаи Ҳисор. Тафтишо  бар ин аст, ки ӯ ғайриқонунӣ дар сохтмон кор мекард ва чанд рӯз қабл аз ҳамла аз корти бонкиаш ба яке аз ҳамлагарон барои пули иҷораи хонаашон пул гузаронда, баъди анҷоми ҳамла низ ба яке аз ҳамлагарон як миқдори дигар пул гузарондааст. Ӯро дар ҷараёни амалиёти “Нелегал” дастгир кардаанд.
  7. Шарифзода Муҳаммад Зоир. Дар бораи чӣ нақш доштани ӯ дар ҳамлаи “Крокус” ягон маълумот нашр нашудааст.
  8. Абдувоҳид Файзуллоев
  9. Рустам Саидзода мебошанд. Ин 2 нафари охир рӯзи 31 март дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия дастгир шуданд. Онҳоро ба интиқоли пул ва силоҳ барои омилони ҳамлаи рӯзи 22 март дар “Крокус” ва ҳамчунин ба тайёрӣ барои анҷоми як ҳамлаи дигари террористӣ дар шаҳри Каспийски Доғистон айбдор мекунанд.
  10. Ашӯров, сокини Твер. Ба он айбдор мешавад, ки бародарон Исломовҳоро дар хонааш сабти ном кардааст.

То кунун исми 4 муттаҳами боқимонда, аз ҷумла як сокини Доғистон, ки рӯзи 30 март дар шаҳри Каспийск дастгир шуд, ва се нафари ахири дар Маскаву Екатеринбург ва Омск ба даст афтода нашр нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button