ҒОРАТГАРӢ “БО МАСЛИҲАТИ ПЕШАКӢ” ДАР ҲАМАДОНӢ ВА БОЗДОШТИ 3 ДУЗД ДАР ДЕВАШТИЧ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 17 апрели соли 2024
Дастгир гардидани ҷавони 24-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ аризаи ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 13-уми апрели соли 2024, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар саҳни ҳавлии манзили истиқоматии зани 48-солаи сокини ҳамин ноҳия, шахсони номаълум ошкоро аз дохили ҷайби ӯ ҳамёнашро, ки дар дохилаш 80 сомонӣ, 1-адад корти “Душанбе-сити” ва шиносномаи миллиаш буд, гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) суд шудааст, бо маслиҳати пешакӣ бо соҳибхоназан, ки пеш бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даллагӣ ё нигоҳ доштани фоҳишахона) суд шудааст, содир намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Боздошти 3 нафар бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 20 ва мардони 28, 33-солаи сокинони ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан шаби 1-уми апрели соли 2024, тахминан соати 01:00, аз хонаи истиқоматии марди 57-солаи сокини ноҳияи Деваштич 12 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикстон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.