СиёсатТоҷикистон

БАРКАНОРИИ РАИСОНИ ШОҲМАНСУРУ ҲИСОР ВА МАНСАБИ НАВИ ҶИЯНИ ПРЕЗИДЕНТ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 апрели соли 2024 дар ҳайъати ҳукуматаш боз чанд тағйироти кадрӣ ба амал оварда, аз ҷумла раисони шаҳри Ҳисору ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо иваз кард.

Бо фармонҳои президент, Билол Иброҳим “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансур барканор ва ба ҷои ӯ Олимзода Сафар Маҳмадшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳияи пойтахт таъйин шуд. Дар бораи ба кадом кори дигар гузаштани Билол Иброҳим ягон маълумот дода нашудааст. Исми Билол Иброҳим ду сол пеш дар робита ба ҷанҷоли боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудани журналистон Далели Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ вирди забонҳо шуд. Ин ду журналисти ҷавонро маҳз баъди нашри гузоришҳои танқидӣ аз ноҳияи Шоҳмансур мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳамин ноҳия дастгир ва ба зиддашон парванда кушода буданд.

Аммо дар ҳоле, ки сабаби барканории Билол Иброҳим дар фармони президент “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” гуфта шудааст, Эмомалӣ Раҳмон Қосим Роҳбарро аз мансаби шаҳрдори Ҳисор бидуни ягон шарҳ ва баъди ҳамагӣ 2 соли кораш дар ин мақом барканор кард.

“Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор озод карда шавад”, – кӯтоҳ гуфта шудааст дар матни фармони президент.

Сабаби бо чунин тарз ва бе ваъдаи “кори дигар” барканор кардани Қосим Раҳбари феълан 60-сола, ки аз аъзои собиқадори тими Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мерафт, маълум нест.

Ба ҷои ӯ Носирзода Ҷаббор иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор таъин карда шуд.  Ҷаббор Носирзода то имрӯз муовини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон буд. Носирзода 15 июни соли 1971 дар ҷамоати Дурбати ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, солҳои зиёде ба ҳайси бухгалтеру иқтисодчӣ дар совхози ба номи Дзержинский кор кардааст. Ӯ соли 2010, дар синни 39 риштаи агрономии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кард ва солҳои 2016-2019 сардори раёсати кишоварзии Ҳисор, аз соли 2019 то 2020 муовини шаҳрдори Ҳисор, солҳои 2020 то 2022 раиси ноҳияи Шаҳринав, сипас як сол муовини вазир ва аз моҳи июли соли 2023 муовини аввали вазири кишоварзӣ буд.

Носирзода дар қариб 10 соли охир нахустин кадри худи Ҳисор аст, ки ба мақоми шаҳрдор мерасад. Солҳои охир раҳбарии шаҳри Ҳисорро зодагони Хуҷанд Шарифҷон Ҷумъазода ва Қосим Роҳбар дар даст доштанд.

2 сол пеш дар як ҳисоби бонкӣ дар Швейтсария 9 миллион доллар доштани Қосим Роҳбар ошкор шуда буд. Худи Қосим Роҳбар дар мусоҳиба бо хабарнигори нашрияи “СССР” Ҷамила Ҳусейнова инро тасдиқ кард, вале гуфт, ки гӯё худи ӯ аз асли гап бехабар, як қаллоб ҳангоми табобати вай дар Швейтсария аз номаш дар бонки ҳисоб кушода, ба он 9 миллион доллар гузарондааст.

Қосим Роҳбар соли 1994, вақте ки ҳамагӣ 30 сол дошт, раиси ноҳияи Хуҷанд (ҳоло: Бобоҷон Ғафуров) ва соли 1996, дар синни ҳамагӣ 32, раиси вилояти Суғд (он вақт ҳанӯз вилояти Ленинобод) таъйин шуд ва то соли 2006 дар мақоми раҳбари вилояти аз лиҳози саноатӣ пешрафтатарини Тоҷикистон кор кард. Баъди тарки и мақом ӯ то соли 2008 роҳбарии ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар вилояти Суғдро ба уҳда дошт. Қосим Роҳбар аз соли 2008 то 2015 вазири кишоварзӣ ва аз соли 2015 то 2022 раиси Кумитаи рушди маҳал, як идораи вобаста ба президенти Тоҷикистон буд. 27 январи соли 2022 раиси шаҳри Ҳисор таъйин шуд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 апрели соли 2024 бо имзои қарорҳои ҳукумат ҳамчунин Наимӣ Аъламхон Қодириёнро  “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон озод ва ба ҷои ӯ Ҷалолзода Фирдавс Маҳмадмуродро ба ин мақом таъйин кард. Ҳамин тавр,  вакили парлумон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Раҳмон Исломиддин Хайриддин сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон таъйин гардиданд. Исломиддин Раҳмон, ки ҳамагӣ 41 сол дорад ваписари бародари фақиди президент Нуриддин Раҳмонов аст, то чанд моҳи пеш раиси ноҳияи Данғара буд.

Раҳмон Исломиддин

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор
озод намудани Қосим Роҳбар

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 апрели соли 2024
№805

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури
шаҳри Душанбе озод намудани Билол И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Билол Иброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 апрели соли 2024
№806

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури
шаҳри Душанбе таъин намудани Олимзода С.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Олимзода Сафар Маҳмадшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 апрели соли 2024
№807

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор
таъин намудани Носирзода Ҷаббор

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Носирзода Ҷаббор иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 апрели соли 2024
№808

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 15 апрели соли 2024 №212
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми
вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Носирзода Ҷаббор

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Носирзода Ҷаббор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 15 апрели соли 2024 №213
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини директори Агентии суғуртаи
иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Наимӣ А.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Наимӣ Аъламхон Қодириён бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 15 апрели соли 2024 №214
ш. Душанбе

Дар бораи сардори Хадамоти зиддиинҳисории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҳмон И.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмон Исломиддин Хайриддин сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 15 апрели соли 2024 №215
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи технологии Тоҷикистон»
таъин намудани Раҳмонзода З.Ф.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 15 апрели соли 2024 №216
ш. Душанбе

Дар бораи муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ
ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҷалолзода Ф.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ҷалолзода Фирдавс Маҳмадмурод муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button