Хабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ 2 МОШИН ДАР ДАНҒАРА, ДУЗДИИ 100 ҲАЗОР РУБЛ ДАР БОЗОРИ ИСТАРАВШАН ВА БАҲСИ 640 ҲАЗОР СОМОНӢ ПУЛИ 2 “ЛЕКСУС”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 13 апрели соли 2024

Ҳалокати ронандаи ҷавон дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ

63

12-уми апрели соли 2024, тахминан соатҳои 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Фолскваген-Пасат”, Холов Абдурашид Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони канори рости роҳ бархӯрда, сипас ба рӯи роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда Назиров Рамазон Тағаймуродович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Данғара, ки аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат намуда истода буд, бармехӯрад.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Назиров Р.Т. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили автомашини тамғаи “Опел-Вектра” Ҷобиров Ғуломалӣ Саидович, соли таваллудаш 1973, Зарипов Раҷабалӣ Давлатович, соли таваллудаш 1980, сокинони шаҳри Норак ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Фолксваген-Пасат” Холов А.М. ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди дузд

Бозори Истаравшан

Ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан бо ариза марди 29-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 7-уми апрели соли 2024, тахминан соати 12:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҳангоми дар дохили ҶДММ “Бозор”-и марказии шаҳри Истаравшан қарор доштанаш аз ҷайбаш 100 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобии марди 36-сола

03

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 22-юми ноябри соли 2023, марди 36-солаи сокини пойтахт дар назди манзили истиқоматиаш бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаи «Лексус»-ро ба маблағи 640 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати 3 моҳ пардохт мекунад. Аммо автомашинаҳои мазкурро фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button