Дин ва боварҳоНомаҳо ба президентҶомеа

КӮДАКОН ИМСОЛ ИДГАРДАК КУНАНД Ё НАКУНАНД? НОМАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Дар арафаи иди саиди Фитр дар Тоҷикистон бори дигар масъалаи идгардаки кӯдакон ба як мавзӯи доғ ва вирди забони мардум табдил ёфтааст. Даҳҳо нафар аз падарону модарон аз он шикоят доранд, ки бо онҳо дар мактабҳое, ки кӯдаконашон мехонанд, дар ин мавзӯъ “суҳбат” гузаронданд ва ҳатто забонхат гирифтанд, ки монеи идгардак рафтани фарзандонашон шаванд. Албатта, дар забонхат дақиқан идгардак зикр нашудааст ва падару модаронро расман танҳо дар мавриди дар рӯзҳои ид беназорат нагузоштани фарзандон ва пешбинӣ шудани ҷазои маъмурӣ барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзандон огоҳ кардаанд. Вале волидон мегӯянд, ки дар суҳбатҳои рӯбарӯ кормандони мақомот, аз ҷумла кормандони милитсия ва додситонӣ онҳоро  “фаҳмондаанд”, ки сухан дар бораи пешгирӣ аз иштироки кӯдакон дар идгардак меравад.

Идгардак як маросими бештар дар шаҳру навоҳии ҷанубу марказ ва шарқи Тоҷикистон роиҷ аст, ки кӯдакон  ва ҳамчунин бузургсолон дар рӯзи ид хона ба хона идгардак мераванд ва ба кӯдаконе, ки бо нидои “Иди нав муборак! Тухмҳо қаторак” вориди ҳавлӣ мешаванд, соҳибхона ягон туҳфа бояд бидиҳад. Дар гузашта туҳфа асосан тухми пухтаву рангдода буд, вале ҳоло ба кӯдакон бештар ягон ширинӣ ё сақичи навъи “жвачка” медиҳанд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон расман хабар дод, ки иди Рамазон дар кишвар рӯзи иди расмист ва ба ин далел, ҳамаи мактабҳо рӯзи 10 апрел ба далели ид таътил мешаванд.

Ба ин далел, дар раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба нашрияи “Истиқлол” гуфтаанд, ки ҳеҷ гуна дастуре ба мудирони мактабҳои миёна оид ба манъи идгардак ва дода нашуда ва аз волидон забонхат ҳам гирифта нашудааст. Дар ин ниҳод гуфтаанд, азбаски ҳар сол дар рӯзҳои ид ҳодисаҳои гум шудан ё ба садама дучор шудани ноболиғон зиёд мешавад, бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ маслиҳат кардаанд, то корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд.

Дар раёсати маорифи пойтахт ҳамчунин гуфтаанд: “Расман рӯзи 10-уми апрел, рӯзе, ки иди Рамазон таҷлил карда мешавад, рӯзи истироҳат аст. Агар манъ мешуд ва ё маҳдудияти дигаре мешуд, он рӯзро мо рӯзи дарсӣ эълон мекардем. Пас, рӯзи истироҳат аст, хонандагон озод ҳастанд. Фақат хоҳиш мекунем, ки падару модарон бачаҳоро беназорат нагузоранд”.

Ва аммо чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ як номаи расмӣ бо имзои муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ба унвони роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мечархад, ки дар он нафақат ба манъи идгардакравии хонандагон, балки ҳатто ба “аз байн бурдани идгардак” ҳамчун маросиме, ки “хоси мо нест”, таъкид шудааст.

Ин нома асосан пиромуни масъалаи дар вақтҳои охир афзудани “тамоюли бегонапарастӣ, ба фарҳанги бегона майл намудани шаҳрвандон ва тақлидкорӣ дар пӯшидани сарулибос” буда, ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур медиҳад, то ҷиҳати “аз байни бурдани тамоюли бегонапарастӣ, пешгирии хурофотпарастӣ ва пӯшидани сару либоси бегона чораҷӯӣ кунанд”.

Аммо дар нома ҳамчунин ба масъалаи идгардак низ пардохта, навиштаанд: “Инчунин, кормандону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани маросим ё анъанаи “идгардак”, ки дар рӯзҳои идҳои Қурбон ва Рамазон аз ҷониби калонсолон ва кӯдакони хонавода ва ҳамсояҳо доир мегардад ва хоси мо нест, тадбирҳо андешанд”.

Бо гузашти чандин рӯз вазорати маориф ва илми Тоҷикистон то ҳанӯз шарҳ надодааст, ки оё ин мактуб воқеият дорад ё сохта аст?

Кӯшишҳои пешгирӣ аз идгардаки кӯдакон чанд сол боз дар Тоҷикистон доман зада мешавад, вале то ҳол муваффақ набудааст. Ба талошҳои нави аз байн бурдани идгардак афроди зиёде, аз ҷумла аз байни тарафдорони сарсахти ҳукумат низ эътироз кардаанд.

Бархе корбарон аз давраҳои идгардакравии худ ҳамчун як хотираи ширини даврони кӯдакии худ ёдовар шудаанд. Як корбар нақл кардааст, ки бо ҷамъи дӯстонаш ҳатто то дари хонаи президент Эмомалӣ Раҳмон идгардак рафта буд ва ҳамсари президент Азизамоҳ Саъдуллоева ба ҳамаи кӯдаконе, ки ба дари хонаи онҳо идгардак омада буданд, ҳамчун “идгардакӣ” шоколадҳои “Марс” ва “Сникерс” дода буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button