ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ТОҶИКҲОИ МУТТАҲАМ БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ МАСКАВРО БА “РОБИТА БО УКРАИНА” АЙБДОР МЕКУНАНД

Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 28 марти соли 2024 иддао кард, ки гӯё тафтишот далелҳои бо миллатгароёни Украина робита доштани омилони ҳамлаи террористӣ дар ”Крокус Сити Ҳолл” ва аз Украина барои онҳо  фиристода шудани маблағҳо ва криптовалютаро ба даст овардааст.  Ин ниҳод ҳамчунин аз боздошти боз як гумонбаршаванда дар ин парвандаи пурсарусадо хабар дод ва гуфт, ин нафарест, ки “дар схемаи маблағгузории террористҳо иштирок дошт”.

Ин изҳорот дар пайи изҳороти президенти Русия Владимир Путин аст, ки ахиран бидуни овардани кадом далел дар бораи даст доштани Украина дар ҳамлаи хунини 22 март дар Красногорск ҳамчун як амри яқин ҳарф зада буд. Украина ҳар навъ даст доштанаш дар ин ҳамларо рад мекунад. Вале изҳороти Путинро бисёре аз нозирони умр ҳамчун як дастур барои мақомоти тафтишотӣ маънидод мекунанд ва мегӯянд,  тафтишот бояд акнун худашро ба ҳар дару девор бизанад ва ҳатман далелҳоеро, ки ба “изи Украина” дар ҳамлаи Красногорск таъкид мекунанд, ё биёбад ваё, агар наёбад, пас бояд “битарошад”.

Дар робита ба ҳамлаи 22 март, ки дастикам 143 кушта ба ҷо гузошт, то кунун 11 нафар дастгир шуда буд. Аз онҳо исми 8 нафараш нашр шудааст, ки 7 нафараш, аз ҷумла ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, зодагони Тоҷикистонанд.

Сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия Светлана Петренко ба журналистон хабар дод, ки рӯзи 28 марти соли 2024  раиси ин ниҳод Александр Бастрикин бо баргузаории як ҷаласаи фаврӣ ҳисоботи гуруҳи тафтишотиро пиромуни ҷараёни тафтиши ҳамлаи террористӣ дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл“ шунид.

Хонум Петренко  дар шарҳи ҳисоботи гуруҳи тафтишотӣ гуфт: “Натиҷаҳои пешакии тафтишот табиати ҳамоҳангшуда доштани аъмоли террористҳо, омодагии ҳамаҷониба ва пуштибонии молияӣ аз тарафи ташкилкунандагони ҷиноятро гирифтани онҳоро пурра исбот мекунад. Дар натиҷаи кор бо террористҳои дастгиршуда, таҳқиқи васоили фаннии аз онҳо гирифташуда ва ташлили амалиётҳои молиявӣ далелҳои бо миллатгароёни Украина робита доштани онҳо ба даст оварда шуд. Дар ихтиёри тафтишот ҳамчунин дар мавриди аз ҷониби омилони ҳамлаи террористӣ аз Украина гирифтану ҳангоми омодагӣ ба ҷиноят истифода бурдани миқдори зиёди маблағҳои пулӣ ва криптовалюта аз Украина  маълумоти тасдиқшуда вуҷуд дорад”.

Светлана Петренко ҳамчунин хабар дод, ки “боз як муттаҳами дигар, ки дар схемаи маблағгузории террористҳо иштирок дошт, дастгир шудааст а тафтишот аз додгоҳ  ба ҳабси пешакӣ гирифтани ӯро дархост хоҳад кард”.

Исми ин нафари дастгиршуда нашр нашудааст.

Шоми 22 март 4 нафари мусаллаҳ ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск ҳамла оварда, издиҳомро қабл аз оғози консерти гуруҳи мусиқии роки “Пикник” тирборон карданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт.  

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button