ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МАРГИ 5 НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД. ТАНҲО ЯК КӮДАК ЗИНДА МОНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 28 марти соли 2024, дар як садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе – Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ 5 нафар: ронанда ва 4 мусофираш ба ҳалокат расида, танҳо як духтарчаи шашсола ба таври мӯъҷизавӣ зинда мондааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 28 март, соати 12:40 ба қисми навбатдории ин кумита хабар расид,  ки дар километри 148,3-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд садама рух додааст.

Наҷотбахшон аз баъши ҳолатҳои фавқулоддаи водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса омада, муайян кардаанд, ки як мошини тамғаи “Ravon”,  таҳти идораи сокини 33-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Хуҷанд ба тарафи пойтахт ба далели аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронанда, аз қисмати болоии роҳ ба қисмати поёнии он чаппа шудааст. Дар ин минтақа роҳ ба шакли серпантин аст.

Дар натиҷаи садама ронанда ва 4 мусофираш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, танҳо як мусофири хурдсол – сокини 6-солаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон зинда мондааст, вале ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  дар рафъи оқибатҳои ин садамаи марговар иштирок карда, ҷасадҳои ронандаву 4 мусофири ҳалокшударо аз дохили мошини пачақшуда берун овардаанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд. Наҷотбахшон ҳамчунин ба кӯдаки зиндамонда ёрии аввалини тиббӣ расонда, сипас ӯро ба дасти табибон додаанд.

Дар пайи ин ҳодиса, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ронандагон хостааст, ки дар роҳҳо аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гирифта, тамоми қоидаҳои ҳаракат, аз ҷумла суръатро қатъиян риоя кунанд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button