ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР КӮШОНИЁН ЯК ДУХТАРЧАИ ЧОРСОЛА ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 27 марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ боз як ҳолати ғарқшавӣ рух дода, як духтарчаи чорсола ҷони худро аз даст додааст.

Ин ҳодисаи нохуш дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дар ҷануби ҷумҳурӣ рух дода, як духтарчаи чорсола аз деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён дар канал афтода, ғарқ шудааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади кӯдак аз ҷониби наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон то рӯзи 28 март идома ёфт  ва субҳи 28 март, соати 08:30 ҷасади духтарчаи ғӯррамаргро 550 метр пойинтар аз ҷои ғарқ шуданаш пайдо карда, ба волидони ӯ супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ин ҳодисаи нохуш волидонро гунаҳкор мешуморад, ки фарзанди худро беназорат гузоштаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо изҳори ҳамдардӣ ба волидон ва наздикони тифли ғӯррамарг, аз падару модаршон хостааст, ки доимо кӯдакони худро назорат кунанд.

“Бояд дарк кард, ки ба далели синну солашон, кӯдакони хурдсол ҳанӯз эҳсоси хатар намекунанд, хеле кунҷкобанд ва мехоҳанд ҳама чизро дар атрофи худ озмоиш  кунанд. Як сабаби асосии ғарқ шудани кӯдакон онҳоро беназорат гузоштани падарону модарон аст”, – гуфта шудааст дар муроҷиатномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба волидон.

Ин нахустин ҳолатҳои ғарқ шудани одамон дар обҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ нест. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки тайи ду рӯзи 20 ва 21 марти соли 2024 дар дарёи Қаратоғ дар ғарби кишвар ду нафар: як духтари 17-сола ва як зани солхӯрдаи 66-сола ғарқ шуданд.

Бино ба омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи соли 2023 дар обҳои Тоҷикистон 181 нафар, аз ҷумла 75 кӯдаку навраси то синни 16 ва 36 зану духтар ғарқ шудаанд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80  кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button