ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

7 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ СОҲИБИ ЯК МАРКАЗИ БОЗИҲОИ КОМПЮТЕРӢ ДАР БОХТАР

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 28 марти соли 2024 аз 7 шабонарӯз ҳабси Юсуф Файзов, соҳиби як маркази бозиҳои компютерӣ дар маркази вилоят, шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) барои дар вақти мамнӯъ ба марказаш роҳ додани ноболиғон хабар дод.

Ба иттилои милитсия, шаҳрванд Файзов Юсуф Муродович, санаи таваллудаш 25.08.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, маҳаллаи Ваҳдат-1, дар таҳхонаи бинои №2 дар кӯчаи Дӯстии халқҳои шаҳри Бохтар маркази бозиҳои компютерӣ кушода, “ба ноболиғон дар вақти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” манъшуда барои воридшавӣ иҷозат дода, онҳоро барои машғул шудан бо бозиҳои дорои хусусияти зӯроваридошта ҷалб намудааст ва бо ин кирдораш талаботи моддаи 464, иловаи 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст”.

Худи Юсуф Файзов ваё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсияи Хатлон гуфт, ба болои ин, “дар вақти ҳуҷҷатгузорӣ намудани ҳолати мазкур шаҳрванд Файзов Юсуф Муродович талаботи қонунии кормандони милитсияро ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи монеъ шудан ба воридшавии ноболиғон дар вақти манъшуда иҷро накарда, талаботи қонунгузории кишварро дағалона вайрон намудааст”.

Бо назардошти барои ба ноболиғон додани иҷозати воридшавӣ ба маркази бозиҳои компютерӣ дар вақти бо қонунгузорӣ манъшуда ва сарфи назар намудани талаботи қонунгузории мамлакат нисбат ба шаҳрванд Файзов Юсуф парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳи шаҳри Бохтар ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муддати 7 шабонарӯз таъин карда шуд.

Қонунҳои Тоҷикистон дар вақти дарс ва дар соатҳои шабонгоҳӣ ба марказҳои бозиҳои компютерӣ ва интернет-кафеҳо роҳ додани ноболиғонро манъ кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button