ЯК КӮДАКИ СКУТЕРСАВОР ДАР ҲИСОР ЗЕРИ ЧАРХИ “МЕРСЕДЕС СПРИНТЕР” ҶОН БОХТААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 25-уми марти соли 2024, тахминан соати 18:30, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Спринтер”, Саидхӯҷаев Сайдалӣ Сафарович, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази шаҳри Ҳисор ба самти деҳаи Чаманистон, дар ҳудуди деҳаи Деҳқонобод дар канори шаҳри Ҳисор, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ноболиғ, Комилҷонов Билол Азимович, соли таваллудаш 2014, сокини шаҳри Ҳисорро, ки бо скутери барқӣ ҳаракат мекард, пахш кардааст. Дар натиҷа ноболиғ, Комилҷонов Б.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. ВКД гуфт, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки ахиран дар ду садамаи марговар дар Ҳисор ва Турсунзода ду нафар, аз ҷумла як кӯдаки нӯҳсола ва як даҳмарда ҷон бохтанд.
Бино ба гузориши ВКД, санаи 24-уми марти соли 2024, тахминан соати 16:20, ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Камри», Орипов Мансурҷон Абдуҳалимович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Ғайратободи ҷамоати деҳоти Сомон қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди ноболиғ, Вайсов Саъд Нурмаҳмадович, соли таваллудаш 2015, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ҷон додааст.
Ба ин монанд санаи 23-юми марти соли 2024, тахминан соати 23:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Аква», Усмонзода Ҳасан Иноят, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри мазкур дар километри 59-ум қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, даҳмарда (подабон), Раҳимов Тошмурод Маҳмадраҷабович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Турсунзодаро бо 37-сар чорвои майдаи шохдор пахш намудааст.
Дар натиҷа, Раҳимов Т.М ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.