ВидеоМуҳоҷирон

МАЪМУРХОН АЗ НОМИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАЗДИ БИНОИ “КРОКУС СИТИ ҲОЛЛ” 2 МОШИН ГУЛ БУРД (ВИДЕО)

Маъмурхон Алимов, як ҷавони зодаи Тоҷикистон рӯзи 26 марти соли 2024 ба назди лавҳаи ёдгорӣ дар назди толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл”  дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав ду мошин гул бурда, ин ҳама гулро бо чунин як навиштаҷот ба ёди қурбониёни ҳамлаи хунини шоми 22 март дар ин толор бахшидааст: Халқи тоҷик ба даҳшат афтода, ҳамроҳи шумо ғарқи андӯҳ шудааст. Изҳори ҳамдардии самимонаи моро бипазиред”.

 Дар бораи ин иқдоми шарофатмандонаи ҷавони тоҷик расонаҳои зиёди Русия хабар доданд. Хабаргузории РИА Новости дар бораи ин ҳатто гузориши видеоӣ таҳия кард.

Дар мусоҳиба бо РИА Новости Маъмурхон Алимов гуфт, ки ӯ мехост тамоми анбори гулҳои мағозаашро ба инҷо биорад.

“Онҳое, ки ин корро карданд, онҳо инсон нестанд, ифлосанд. Аз ин рӯ, барои ин 4 нафар набяод тамоми халқи тоҷики моро нодуруст қазоват кунанд. Мардуми тоҷик ҳамроҳи мардуми Русия ғарқи андӯҳ аст, чунки ончӣ, ки рух дод, коре хеле ғамангез ва даҳшатбор буд. Ман ҳамчун шаҳрванди Русия, ки дар Тоҷикистон ба дунё омадаам. Ба наздикон ва хонаводаҳои кушташудагон изҳори ҳамдардии амиқ мекунам”, – изҳор дошт Маъмурхон Алимов.

Маъмурхон Алимов дар Маскав мағозаи гулфурӯшӣ доштааст. Бино ба иттилои ниҳодҳои андози пойтахти Русия, Алимов Маъмурхон Маҳмудович аз 20 феврали соли 2021 ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар ниҳодҳои андози ноҳияи  Хорошево-Мневники дар ҳавзаи маъмурии Шимолуғарби шаҳри Маскав сабти ном шудааст.

Лавҳаи ёдгорӣ дар паҳлуи бинои “Крокус Сити Ҳолл” рӯзи 23 март пайдо шуд. Яъне ҳамагӣ як рӯз баъди ҳамлаи террористӣ дар ин бино, ки бино ба охирин хабарҳо, боиси марги 139 нафар шуд. Мардум инак чанд рӯз боз беист ба инҷо гулу гулчанбар, бозича оварда, мегузоранд ва ба ёди қурбониёни ҳамлаи шоми 22 март шамъ равшан мекунанд. Дар истгоҳи метрои “Мякинино” ихтиёриён навбатдорӣ карда, ба мардум роҳ ба тарафи лавҳаи ёдгориро нишон медиҳанд.

Расонаҳо дар рӯзҳои охир дар бораи корнамоиҳои мардум, аз ҷумла муҳоҷирон, дар замони ҳамлаи мусаллаҳонаи шоми 22 март хабар медиҳанд. Аз ҷумла достони Ислом Халилов ном навраси 15-сола аз Қирғизистон вирди забонҳост. Ин наврас, ки дар гардероб, ё нуқтаи либоскашии “Крокус Сити Ҳолл” кор мекард, ҳангоми ҳамла ҷони тақрибан 100 нафарро наҷот дод. Овозхони шинохтаи Русия Моргенштерн аз ин рафтори навраси қирғиз чунон ба ваҷд омад, ки барояш як миллион рубл туҳфа кардааст.

Рӯзи 27 март  Телеграм-канали “База”  дар бораи корнамоии Бунавшоҳ Эркинов, як навраси 17-сола аз шаҳри Конибодоми Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 22 март баъди биноро тарк кардани ҳамкоронаш дар ҷои кор бо як марди дар он ҳамла маҷруҳшуда истодааст. Бунавшоҳ тоза ба ҳайси пешхидмат дар меҳмонхонаи “Аквариум”, ки дар бинои “Крокус Сити Ҳолл” ҷойгир шудааст, ба кор даромада буд, ки ин ҳамлаи террористӣ рух дод.

“База” ин ҳодисаро чунин ба риштаи тасвир кашидааст:

“Бунавшоҳ Эркинови 17-сола тирамоҳи соли 2022 ба Маскав омад ва ба тозагӣ дар меҳмонхонаи “Аквариум”, ки дар бинои “Крокус Сити Ҳолл” ҷойгир шудааст, ба кор даромад. 22 март тоза рӯзи сеюми кори Бунавшоҳ дар инҷо буд. Баъди соати 20 ба тарабхонаи “Аквариум” як мард ворид шуда, об пурсид ва сипас ба рӯи фарш афтод.

Бунавшоҳ мегӯяд, “ман даррав нафаҳмидам, ки ӯ маҷруҳ шудааст. Ӯ шояд худаш ҳам дарк намекард инро… Об пурсид. Ман фикр кардам, ки шояд сахт тарсида бошад”.

 Кормандони тарабхонаон мардумро дар рӯи курсиҳо хобонданд ва диданд, ки аз пушташ захмӣ шудааст. Ҷои захми мардуми маҷруҳро бо сачоқ бастанд, чунки ӯ хуни зиёд талаф дода буд. Баъди расидани амри тарки тарабхона, ҳамаи кормандон рафтанд, вале Бунавшоҳ онҷо монд. Ӯ мегӯяд, наметавонист он мардро, ки аз онҳо кумак хоста буд, партофта биравад.

Баъди чанде ба тарабхона ҳамроҳи кормандони меҳмонхона корманди пулис омад. Онҳо ҳамроҳи Бунавшоҳ марди захмиро то мошини “Ёрии таъҷилӣ” бурда, ба дасти табибон супурданд. Бунавшоҳ мегӯяд, фақат номи он мард дар ёдаш ҳаст, ки Владимир будааст”.

Толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” ба миллиардери озаритабор Ораз Оғоларов тааллуқ дошта, то 7300 тамошобинро меғунҷонд. Бар асари ҳамла ва сӯхтори шоми 22 март бино зарари ҷиддӣ дида, бомаш фурӯ рафтааст. Эмин Оғоларов, овозхони шинохта ва фарзанди Ораз Оғоларов гуфтааст, ки онҳо мехоҳанд толори консертҳоро барқарор кунанд. Дар “Крокус Сити Ҳолл” ҳамчунин мехоҳанд ба ёди қурбониёни ҳамлаи шоми 22 марти соли 2024 як лавҳаи ёдгорӣ бисозанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button