ВидеоМуҳоҷиронТоҷикистон

ДАР ТОҶИКИСТОН ХОНАИ ЯК МУТТАҲАМИ АСОСӢ ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ МАСКАВРО МУҲР ЗАДААНД

Мақомоти Тоҷикистон ба дари хонаи Фаридуни Шамсиддин, як муттаҳами асосӣ ба ҳамлаи хунини шоми 22 март дар канори Маскав муҳр задаанд. Дар ин бора рӯзи 26 марти соли 2024 хабарнигори хабаргузории русии РИА Новости дар пайи боздидаш аз маҳалли зисти Фаридуни Шамсиддин дар деҳаи Лойоб дар дараи Алмосӣ дар канори шаҳри Ҳисор хабар дод.

Зани ҳамсоя ба журналист гуфтааст, ки “аҳли ин оиларо як рӯз пеш одамони либоси махсуси мақомот дар тан ба Душанбе бурданд”.

Ба ба гузориши хабарнигори РИА Новости, рӯзи 26 март дар назди хонаи ба зоҳир хоксорона ва аз “семблок” сохташудаи хонаводаи Фаридуни Шамсиддин як корманди милитсия навбатдорӣ мекард ва ӯ ба журналист бидуни иҷозаи мақомоти тафтишотӣ гирифтани видео ё акси хонаро манъ кардааст.

Манбаи РИА Новости дар ВКД Тоҷикистон гуфтааст, ки Фаридуни Шамсиддин ним сол пеш ба Русия ба мардикорӣ рафта буд. Қаблан ӯ дар шаҳри Ҳисор дар як нонвойхона нонвой буд.  Шаҳри Ҳисор дар 25-километрии ғарби Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва деҳаи Лойоб дар шимоли Ҳисор, дар дараи Алмосӣ ҷойгир шудааст.

Зани ҳамсоя ба журналисти РИА Новости ҳамчунин нақл кардааст, ки “зани Фаридун мегуфт, ки ӯ ба Русия ба мардикорӣ рафтааст ва доим аз онҷо пул мефиристад”.

Мақомоти Русия, бино ба иттилои дарёфтӣ, Фаридуни Шамсиддинро саркардаи дастае мешуморанд, ки шоми 22 март пеш аз консерти гуруҳи мусиқии роки “Пикник” ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав ҳамла кард. Дар натиҷаи он ҳамла 139 нафар кушта ва беш аз 180 тани дигар захмӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории дигари русии “Россия сегодня” бо такя ба манбааш дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар дод, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳқиқи мустақилонаи ҳамлаи Красногорскро оғоз кардааст ва мақомоти амниятӣ тамоми робитаҳои эҳтимолии ҳамлагарон дар дохили Тоҷикистонро ҷустуҷӯ доранд ва хешу табори онҳоро таҳти бозҷӯиҳои мӯшикофона қарор додаанд.

 “Бар илова, мақомоти маҳаллӣ аҳли хонавода ва атрофиёни террористҳоро дар мавриди паҳн накардани ҳар гуна маълумот ҳушдор додаанд”, – хабар додааст “Россия сегодня”. Бо ин вуҷуд, рӯзи 26 март ба журналистони тоҷик муяссар шуд, ки бо модар ва ҳамсари ду тан аз муттаҳамони асосӣ дар ҳамлаи Красногорск суҳбат кунанд.

Манбаи РИА Новости дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон низ хабар додааст, ки дар Душанбе чорабиниҳои тафтишотӣ бо хешу табори муттаҳамони ҳамлаи Красногорск ҷараён дорад ва рафти тафтишро бевосита худи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зери назорати худ гирифтааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати ин хабаргузорӣ, ҳамаи муттаҳамон дар гирду атрофи Душанбе — дар шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекарданд.

Як рӯз пеш хабар омад, ки муфаттишони Русия ба Тоҷикистон омадаанд ва алакай рӯзи сешанбе, 26 март бозпурсии хешовандони наздики 4 муттаҳами асосӣ дар ҳамлаи хунини Красногорскро шурӯъ кардаанд. Ба гуфтаи манобеи хабаргузории Рейтерс, “мақомоти қудратии Тоҷикистон хешовандони муттаҳамонро аз шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор ва ҳамчунин аз ноҳияи Рӯдакӣ ба пойтахт, шаҳри Душанбе оварданд”. Сарчашмаҳои Рейтерс низ гуфтаанд, ҷараёни тафтишот аз ҷониби Тоҷикистонро шахсан президент Эмомалӣ Раҳмон таҳти назорати худ гирифтааст.

Шоми 22 март 4 нафари мусаллаҳ ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск ҳамла оварда, издиҳомро қабл аз оғози консерти гуруҳи мусиқии роки “Пикник” тирборон карданд ва гулӯи бархеро низ буриданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. Алакай як рӯз баъд ФСБ аз боздошти 11 нафар, аз ҷумла 4 ҳамлагар хабар дод. То имрӯз исми 8 нафари онҳо маълум шудааст. Мутаассифона, 7 нафари онҳо, аз ҷумла ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ зодагони Тоҷикистонанд.

Дар Тоҷикистон хабари даст доштани зодагони ин кишвар дар ҳамлаи хунини террористӣ дар Русия, кишваре, ки таъмини зиндагии аксари хонаводаҳои тоҷик аз он сахт вобаста аст, ҳамаро ба шок овард ва нисбат ба тақдири минбаъдаи азизони муҳоҷирашон сахт нигарон кардааст. Ҳар сол беш аз як миллион аз сокинони Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд.

Бар илова, пойгоҳи ҳарбии 201-ум – бузургтарин пойгоҳи артиши Русия дар хориҷ – дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир шудааст ва дар Душанбе ин пойгоҳ як омили муҳими ҳифзи сулҳу субот дар кишвар арзёбӣ мешавад.

Ба ин далел, Душанбе хоҳони он нест, ки масъалаи иштироки зодагони Тоҷикистон дар ҳамлаи террористии ахир дар канори Маскав рӯи муносибатҳои то кунун дӯстона ва иттифоқчигии ду кишвар соя афканад ё, Худое нохоста, ба ин муносибатҳо латмае бизанад ва боиси боз ҳам бадтар шудани шароити бе ин ҳам начандони хуби муҳоҷирони тоҷик дар Русия шавад.

Ин аст, ки рӯзи  24 март президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефониаш бо президенти Русия Владимир Путин  изҳори омодагии комили кишвараш барои таҳқиқи ин ҳамла ва дар умум барои муборизаи муштарак бо терроризмро баён кард ва тавре манобеи Рейтерс хабар медиҳанд, ҷараёни тафтишро низ зери назорати шахсии худ гирифтааст. Рӯзи 25 март бошад, Эмомалӣ Раҳмон, ки бори аввал дар маҳзари ом ин ҳодисаро шарҳ медод, ҳамлаи Красногорскро “ҳодисаи нангину мудҳиш номид” ва аз сокинон даъват кард, “нагузорем, ки фарзандони мо ба номи неки миллати тоҷик иснод оваранд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button