ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

САРТАРОШИ ХУБ БУД… МУҲАММАДСОБИР ФАЙЗОВ КИСТ?

“Ба тӯй мерафт“, “сартароши хуб буд“, “намозро соз намехонд“. Муҳаммадсобир Файзов кист?

Алишер Зарифӣ

Шаҳлои Абдуллоҳ


Модари Муҳаммадсобир Файзов, дар гузашта сартарош ва ҳоло яке аз гумонбарон ба ҳамлаи маргбор дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав, мегӯяд, ба иттиҳоми эълоншуда ба зидди писараш дар Русия бовар надорад.

Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 24-уми март Файзовро ба иттиҳоми амали террористӣ то 22 май ба ҳабс гирифт. Модари ӯ, Сайрам Файзова, рӯзи 26-уми март дар хонааш дар ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, ҳеч бовараш намеояд, ки фарзандаш ҳамлаи террористӣ анҷом додааст.

“Бачаи шӯх буд”

“Дар оила бачаи беҳтарин буд. Беҳад дилсӯз буд. Ҷиянҳояшро дӯст медошт. Тӯйи рафиқонашро дӯст медошт. Ҳамроҳи бачаҳо дар маъракаҳо рақс мекард. Хонаводаи мо аҳли китоб ҳастанд. Бачаи шӯх буд, аммо дар мактаб касе шикоят надошт. Дар чорабиниҳои мактаб фаъолона ширкат мекард,” – нақл кард ӯ.

Хонум Файзова дар гузашта дар мактаб ба ҳайси китобдор кор кардааст, ҳоло бознишаста (нафақахӯр) аст.

Ӯ мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон як писари дигарашро ба бозпурсӣ бурда, ҳанӯз ҷавоб надодаанд. Шавҳараш дар Ивановои Русия аст, вале се рӯз боз дар тамос нестанд. “Мақомот телефонҳои моро гирифтанд, имкони гап задан нест ҳоло,” — гуфт Сайрам Файзова.

Муҳаммадсобир Файзов дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте”-и русӣ саҳифа дорад ва аз рӯйи аксу наворҳое, ки дар он ҷо гузоштааст, зоҳиран як ҷавони шод ва коргари хуб ба назар мерасад. Дар баъзе аз аксҳо бо риш ва дар бархеи дигар бидуни риш тасвир ёфтааст.

Аз миёни аксу наворҳои гузоштаи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳнаҳое аз кораш бо муштариҳои рус, маҳалли кор, мошинсаворӣ ва наворҳои кӯтоҳ бо мусиқӣ дида мешаванд. Баъзе аз расонаҳои Русия нигоштанд, ки ӯ ба варзиш ҳам рағбат дошт ва дар толори варзишии War Pro дар Иваново дар дарсҳои кикбоксинг ширкат кардааст.

“Мехост барои таҳсил ба Хитой равад”

Модараш мегӯяд, Муҳаммадсобир Файзов ва аъзои дигари хонавода мехостанд, мушкили иқтисодии оиларо ҳал кунанд ва бинобар ин ӯ ба Русия рафтааст.

“Дар як ҳавлӣ чор оила зиндагӣ мекунем. Ман ва се келин. Мехостанд ягон замин гирем. Як писари бародараш дар Хитой мехонад. Мегуфт, ба ҳамон ҷо рафта таҳсил мекунад. Падараш гуфт, ки пулатро ҷамъ кун, дастгирӣ мекунем, ба таҳсил идома деҳ. Ҳавас дошт, ки забони хориҷӣ омӯзад. Беназорат набуд. Ҳар пуле мегирифт, ба падараш мефиристод. Дар зарфи ду-се ҳафтаи охир чӣ хел шуд, намедонам. Бе иҷозати падараш ҳатто телефон намехарид,” — илова кард Сайрам Файзова.

Муҳаммадсобир Файзови 19-соларо рӯзи 23-юми марти имсол дар Русия дастгир карда, ба толори Додгоҳи ноҳияи Басманний бо аробача ва либоси тиббӣ оварданд. Пеш аз он дар шуъбаи эҳё буд ва бозпурсияш дар он ҷо гузашт. Вай ба суоли аввали муфаттишон, ки ба ёрии тарҷумон сурат гирифт, бо суоли “Ман чӣ кор кардаам?” посух дод.

Бино ба иттилои нашршуда ҳангоми амалиёти боздошт гуё муқовимат карда, як чашмаш сахт осеб дидааст. Дар сару рӯяш осори зарбу лат намудор буд.

Файзов ва ҳамроҳонашро ба ҳамлае муттаҳам мекунанд, ки 139 кушта ва тақрибан 200 захмӣ бар ҷой гузошт ва масъулияташро гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ба уҳда гирифт. Сайрам Файзова мегӯяд, писараш шахси мазҳабӣ набуд, “намозро ҳам соз намехонд, қазо мекард.”

Хонум Файзова лаҳза ва шароити боздошти писарашро дар Русия намедонад, вале ба ин бовар аст, ки “ӯ аз озор додани як чумчуқ метарсид ва эҳтимол касе ӯро ба доми худ андохтааст.”

“Аз маошаш розӣ набуд”

Дар посух ба ин суол ки бори охир кай бо писараш гап зада буд, Сайрам Файзова гуфт: “Як рӯз пеш аз ҳодиса суҳбат кардем. Саҳару бегоҳ гап зада будем. Фақат мегуфт, ки оча ман хубам. Аҳволпурсӣ мекард, тамом. Дар бораи кораш гап зад, ки ҳамаш нағз мешавад. Дар саратарошхона кор мекард, устои сартарош буд, дар шаҳри Иваново.”

Аз рӯйи вокунишҳои аввалини кордиҳандааш дар кошонаи ҳусн ё барбершопи “Май Стайл” дар вилояти Иваново “Муҳаммадсобир Файзов як устои хуб буд” ва “бисёр муштариҳо ба хотири ӯ меомаданд” ва “вақте аз кор рафт, муштариҳо ҳам бо ҳамин рафтанд”.

Модараш мегӯяд, “аз маошаш он қадар розӣ набуд, кам аст мегуфт. Аз онҷо баромад ва гуфт, ки ба Санкт-Петербург ба мевафурӯшӣ меравад.”

Телеграм-канали 112, ки ба хадамоти махсуси Русия наздик аст, гуфтааст, Файзов назар ба гумонбарони дигар забони русиро хуб медонист. Дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” дидан мумкин аст, ки Муҳаммадсобир Файзов бо Шоҳин Сафолзода, як ҷавони дигар, ки ходимони ҳифзи ҳуқуқи Русия номи ӯро дар қатори гумонбарон номбар кардаанд, дӯст мебошанд.

“Хоҳиш мекунам ҷавонияшро ба назар гирифта, ба Ватан биёранд. Вай аз нофаҳмӣ ин корро кардааст. Аз рӯи ӯ мо, тамоми хешу табор, ҳамсояҳо азоб кашида истодем. Зиқ шудем,” – мегӯяд Сайрам Файзова, модари Муҳаммадсобир Файзов.

Ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” дар наздикии Маскав шаби 22-юми март рӯй дод. Ба иттилои мақомоти Русия дар ин ҳодиса 139 нафар кушта ва тақрибан дусад кас захмӣ шудаанд.

Кумитаи тафтишотии Русия то кунун дар бораи боздошти 11 кас гузориш додааст. Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзҳои 24, 25 ва 26-уми март ҳашт нафарро то охири моҳи майи имсол ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ҳафт нафари онҳо зодаи Тоҷикистон ва як нафар аз Қирғизистон аст.

Манбаъ:  радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button