ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲАМЛАИ ХУНИНИ МАСКАВРО “ҲОДИСАИ НАНГИНУ ДАҲШАТНОК” НОМИД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 марти соли 2024 дар суханрониаш дар карнавали наврӯзӣ бо номи “Корвони шодӣ” дар шаҳри Душанбе ба мавзӯи ҳамлаи хунини рӯзи 22 март дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, пойтахти Русия пардохт ва онро “ҳодисаи нангину даҳшатнок” номид. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамлаи хунин, ки 139 кушта ба ҷо гузошт ва масъулияташро созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба дӯш гирифт, 11 нафар дастгир шудаанд, ки муттассифона, дастикам 7 нафараш зодагони Тоҷикистонанд.

Карнавали наврӯзии шаҳрдории Душанбе бо номи “Корвони шодӣ” ибтидо ба далели боришоти шадид ба рӯзи 24 март ва сипас зоҳиран ба далели рӯзи мотам эълон шудани 24 март дар Русия боз ба як рӯзи дигар ба ақиб андохта шуда, билохира рӯзи 25 март доир карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш аз ҷумла гуфт: “Чунонки ҳамватанони азизи мо дар ёд доранд, 9-уми март дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза, таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла торафт густариш ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ ва сабабу омилҳои ба онҳо мусоидаткунандаро муфассал таҳлил намуда, вазифаҳои ҳар як шаҳрвандро дар чунин шароити мураккаб таъкид карда будам. Хусусан, ҳодисаи нангину даҳшатноки дар наздикии шаҳри Москва рухдода ҳар яки мо, махсусан, падару модаронро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ба тарбияи фарзандон эътибори боз ҳам ҷиддӣ диҳанд. Такроран таъкид менамоям, ки мо бояд наврасону ҷавононро аз таъсири чунин гурӯҳу ҳаракатҳои харобкору даҳшатафкан эмин нигоҳ дорем ва нагузорем, ки фарзандони мо ба номи неки миллати тоҷик, давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва падару модари худ иснод оваранд”.

Бо дасти зодагони Тоҷикистон анҷом шудани боз як ҳамлаи террористии ДОИШ дар пайи айни чунин ҳамлаҳо дар Афғонистону Эрону Туркия, ки иҷрокунандагони онҳо низ зодагони Тоҷикистон буданд, ва кӯшиши таркондани як калисо дар шаҳри Кёлни Олмон дар арафаи иди Мавлуди Масеҳ, ки бо гумони тайёрӣ ба ин ҳамла низ чанд зодаи Тоҷикистон дастгир шуданд,  нигарониҳои ҷиддиеро дар байни мардум ва ҷомиаи Тоҷикистон ва ҳамин тавр, дар байни муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба бор овардааст.

Хусусан ин ҳамлаи ахир, ки дар Русия анҷом шуд, кишваре, ки ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор худро ба ҳамин кишвар мезанад ва пулҳои аз Русия фиристодаи муҳоҷирон як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон ва як омили асосии чархонандаи аробаи иқтисоди заифи ин ҷумҳурӣ дониста мешавад. Бисёриҳо нигарони онанд, ки дар пайи ин ҳамла нигоҳи ҳам мардум ва ҳам мақомоти Русия нисбат ба муҳоҷирони тоҷик шадидан ба тарафи манфӣ иваз мешавад ва дар роҳи сафари то кунун ба сурати умум тақрибан бемамониати онҳо ба Русия ва ҷустуҷӯи кор дар бозори ин кишвар метавонанд мониаҳои ҷиддӣ эҷод кунанд.

Дар ҷомиа дар робита ба “изи тоҷикӣ” дар ҳамлаи Маскав пешниҳодҳои гуногун садо медиҳанд.  Бархе намояндагони ба истилоҳ “атеизми ҷанговар” пешниҳод доранд, ки ҳамаи имомҳои тоҷики масҷидҳои Русияро пас фаро бихонанд ва ба Русия барои мавъизахонӣ рафтани воизони тоҷикро низ манъ карда, сиёсати бе ин ҳам шадиду саркӯбгарона нисбат ба аҳли динро дар кишвар боз ҳам сахттар кунанд. Аммо ҷониби дигар мегӯянд, баракс маҳз ҳамин сиёсати саркӯбгарона зояндаи ин қадар ифротгарою террорист аз Тоҷикистон шуд ва ҳукумат бояд ин сиёсаташро ба сӯи нармиш бозбинӣ карда, воизони дар байни мардуми маъруфу пурнуфузро, ки аз минбарҳои масоҷид зада шуда буданд, ба минбар баргардонад, дар худи Тоҷикистон имкони озоди таҳсили диниро аз синни тифлӣ фароҳам биорад ва дар умум, ба ҳуқуқ ва озодиҳои мазҳабии мардум эҳтироми бештар қоил шавад. Онҳо ёдовар шудаанд, ки қаблан чандин созмони байналмилалӣ ва кишварҳои дунё низ зимни танқиди сиёсатҳои саркӯбгарони ҳукумати Тоҷикистон таъкид мекарданд, ки оқибати ин саркӯбгариҳо танҳо ифротитар шудани ҷомиа ва гароиши бештари мардум, бахусус ҷавонон, ба ақидаҳо ва гуруҳҳои ифротӣ хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button