ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

САЛИМ-БОЙБАЧА, БАХТИИ ТОШКАНДӢ, ҲУСАНИ ЭПЧИЛ… ШИКОРИ СУЛТОНҲОИ МАФИЯ ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Аз поёни моҳи ноябри соли 2023 дар Ӯзбекистон шикори густардаи сарони дунёи ҷиноӣ идома дорад. Яке аз боздоштҳои аз ҳама пурсарусадо дар чорчӯби ин амалиёти вижа, ки мақомоти Ӯзбекистон онро “40 рӯзи долу зарб” ном додаанд, боздошти Салим-бойбача (Салим Абдувалиев) дар санаи 1 декабр буд. Салим-бойбача, ки 73 сол дорад ва дар баробари  Ғафур-бойбача (Ғафуром Раҳимов) яке аз султонҳои мафияи Ӯзбекистон ва ҳамчунин яке аз сарони аз ҳама муътабари олами ҷиноии Осиёи Марказӣ шумурда мешуд, расман муовини раиси Кумитаи миллии олимпӣ ва раиси Федератсияи гуштини Ӯзбекистон аст. Барои саҳмаш дар рушди варзиш Салим-бойбача  соли 2015 бо ордени “Дӯстлик” сарфароз гардида, соли 2021 соҳиби унвони “Мураббии шоистаи Ӯзбекистон” шуд.

Рӯзи 5 декабр Салим-бойбача аз СИЗО ба ҳабси хонагӣ ҷавоб доданд, вале эълон шуд, ки ба зидди ӯ бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ парванда кушодаанд. Мақомот ҳангоми кофтукоб аз хонаи ӯ пистолети Макаров, автомати Калашников ва граната ёфтаанд.

Ҳанӯз то боздошти Салим-бойбача, шаби 28 ноябр Бахтиёр Қудратуллоев, мулаққаб ба “Бахти Ташкентский” (“Бахтии Тошкандӣ”), ягона “дузди қонунӣ” ( “вор в законе”) аз Ӯзбекистон дастгир шуд. Ӯро аввал барои қонуншикании маъмурӣ шинонанд. Дар ҳукми додгоҳи ноҳияи Яккасаройи шаҳри Тошканд аз 29 ноябр гуфта мешавад, ки Бахтиёр Қудратуллоев, соли таваллудаш 1971, ягон бор суд нашудааст, шаби 28 ноябр, тахминан соати 21:45 дар ҳавлии хонааш дар кӯчаи Кӯҳинур, дар наздикии меҳмонхонаи Grand Mir,  “ба сари кормандони милится дод зада, оромии шаҳрвандонро халалдор кардааст ва бо ин амалаш дидаю дониста тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, талаби қонунии кормандони милитсияро, ки ӯро барои муайян кардани шахсияташ ба шуъба бурданӣ буданд, иҷро накардааст”.

Додгоҳ “Бахтии Тошкандӣ”ро дар майдаавбошӣ гунаҳкор шинохта, ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Аммо рӯзи 6 декабр Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд эълон кард, ки Қудратуллоев ва ду шарикаш ба тамаъҷӯӣ ба маблағи бузург айбдор мешаванд. “Ин афрод ба таври ғайриқонунӣ бо истифода аз роҳи таҳдид ва зӯроварӣ аз оламон пул мегирифтанд”, — изҳор дошт милитсияи пойтахти Ӯзбекистон,

Бино ба иттилои расонаҳои Ӯзбекистон, дар ҷараёни амалиёти “40 рӯзи долу зарб” ба зидди “бандаҳои кӯчагӣ” ва чеҳраҳои шинохтаи олами ҷиноӣ, ки “ба муҳити иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонданд”, дар Тошканд ва вилоятҳои Фарғонаву Андиҷону Самарқанд алакай беш аз 100 нафар дастгир шудаанд.

Танҳо дар Тошканд наздики 50 нафар бо иттиҳоми рэкет ва тамаъҷӯӣ аз тоҷирон ва ҳатто аз мансабдорон дастгир шудаанд. Аз ҷумла  Саидазиз Сайдалиев, мулаққаб ба “Сайидазиз аз Медгородок”, Шерзод Самиев, Мирсолиҳ Мирхоҷаев ва даҳҳо тани дигар, ки барои “Бахтии Тошкандӣ” Салим-бойбача ва дигар сарони олами ҷиноии Ӯзбекистон кор мекарданд. Бузрук Бузрукови 38-сола бошад аз ҷониби мақомот дар Тошканд дар тарабхонаи “Такахули” ба даст афтод.

Дар Андиҷон мақомот одами “Бахтии Тошкандӣ” бо лақаби Хусан-Эпчил, ё Ҳусайни Айёрро дастгир карданд. Одами дигари “Бахтии Тошкандӣ” дар вилояти Фарғона Достон Халилов, вақте ба даст афтод, ки мехост ба Қирғизистони ҳамсоя фирор кунад.

Дар вилояти Самарканд мақомот 47 узви гуруҳҳои ҷиноиро, ки “кӯшиш мекарданд, ба муҳити иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонанд”, боздошт карданд. 25 нафари онҳо бо ҳабси маъмурӣ халос хӯрданд, вале нисбати 6 нафараш парванда кушодаанд.

Бино ба иттилои Телеграм-канали ЭЛТУЗ, ки дар инъикоси хабарҳои марбут ба шикори сарони мафияи Ӯзбекистон хеле фаъол буд, Ғафур Раҳимов, мулаққаб ба Ғафур-Бойбача, яке дигар аз султонҳои пурнуфузи олами ҷиноии Ӯзбекистон ва минтақа, дар пайи оғози шикори густардаи мақомот ба Дубай фирор кард ва танҳо рӯзи 5 декабр ба Тошканд баргашт. Ва он ҳам баъди чандин суҳбат бо мансабдорони баландпоя бо хоҳиши “аз ин шармандагӣ (яъне боздошташ дар қатори дигар сарони мафия) халос кардани ӯ”.

ЭЛТУЗ хабар медиҳад, ки Ғафур-бойбача баъди ба Тошканд баргаштанаш ба сурати фаъолона дар Интернет видеоҳо паҳн мекунад, аз ҷумла видеои хӯрокхӯрии ӯву ҳамсараш дар як тарабхона ва бо як гуруҳи дигар ҳамроҳи кормандони милитсия ба бозори “Чорсӯ” рафтанашро.

“Ғафурбой” бо ин видеоҳо мехоҳад ба ҳамагон паём бирасонад ки: “Бо ман чизе нашудааст, ман дар ҷустуҷӯ қарор надорам, нисбат ба ман ягон айб эълон нашудааст, ман робитае ба мафия надорам…” Вагарна нафаре, ки дар вақташ киштиҳои нафт дар ихтиёр дошту барои дар даст доштани назорати қочоқи маводи мухаддир аз Осиё ба Аврупо таҳти таҳримоти Амрико қарор гирифтааст, дар бозори “Чорсӯ” чӣ мекунад? Самбӯсахӯрӣ намеравад-ку”, – бо танз навиштааст ЭЛТУЗ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Бандаи террористии каримов, эмомалӣ, елтсин, квачков, сангак, файзалӣ, нурӣ, туразода, эрон гуяд:

    Мероси шуми каримов, ки ҳанӯз дар ҷанги таҳмилии бародаркушии Тоҷикистон нақши бориз доштанд, садҳо ҳазори тоҷики бегуноҳ аз дасти ин мафияи ҷинояткори каримов кушта шуданд. Фронти халқӣ маҳсули дасти ҳамин ҷинояткорон буд. Албатта, ҳизби наҳзати нурӣ “фаришта” набуд, лекин яке бо номи дин дигаре бо номи дунё тоҷик мекушт.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button