НАШРИ ВИДЕОҲОИ БОЗПУРСИИ ДУ ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ҲАМЛАИ ХУНИН ДАР МАСКАВ (2 ВИДЕО)
Телеграм-канали “Двач” рӯзи 23 марти соли 2024 сабтҳои видеоии лаҳзаҳои бозпурсии ду зодаи Тоҷикистонро, ки ба даст доштан дар ҳамлаи хунини шоми 22 март ба толори консертҳои “Крокус Сити Холл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав муттаҳам мешаванд, нашр кард. Ин дар ҳолест, ки шумори кушташудагон бар асари ин ҳамла, бино ба охирин хабари Кумитаи тафтишоти Русия, то 115 нафар расид ва ба гуфтаи табибон, тақрибан 100 захмӣ дар бемористонҳо қарор дошта, вазъи саломатии даҳҳо нафари онҳо сангин боқӣ мемонад.
Дар яке aз видеоҳои нашршуда, ба иттилои “Двач”, мақомот яке аз 4 нафари ҳангоми фирор дар ҳудуди вилояти Брянск дастгиршударо бозҷӯӣ мекунанд. Ин нафар, ки дар рӯи замин хобонда шуда, рӯяшро рӯи кафши пои як низомипӯш зер кардаанд, худро Фаридуни Шамсиддин, соли таваллудаш 1998 муаррифӣ мекунад.
Ӯ нақл мекунад, ки ба хотири аз марз гузаштан ба Туркия рафта буд ва рӯзи 4 март аз Туркия вориди Русия шуд. Фаридуни Шамсиддин гуфт, барои тирборони одамон ба ҳар кадоми онҳо 500 ҳазор рубл ваъда дода, аз ин маблағ 250 ҳазориро пешакӣ ба кортҳои бонкиашон гузаронданд ва боқимондаро бояд баъди анҷоми ҳамла медоданд. Аммо, ба гуфтаи Фаридуни Шамсиддин, онҳо ҳангоми фирори бошитоб аз Маскав кортҳои бонкӣ ва дигар чизҳои худро гирифта натавонистанд.
Фаридуни Шамсиддин нақл кард, ки дар Телеграм ба мавъизаҳои як воиз гӯш медоданд ва ёвари он воиз баъдан онҳоро бо ваъдаи пул барои анҷоми ин ҳамлаи хунин ҷалб кард.
Дар зери чӣ шароит сабт шудани ин эътирофоти Фаридуни Шамсиддин рӯшан нест, вале ҳангоми суҳбат ӯё аз тарс ваё аз сардӣ беист меларзид. Чандин нафар дар зери ин видео навиштаанд, ки ин сабт ба саҳнасозӣ шабоҳат дорад.
“Двач” ҳамчунин хабар дод, ки ҳамаи нафарони дар робита ба ҳамлаи шоми 22 март дастгиршуда шаҳрвандии Русияро доштаанд ва “ҳоло мақомот тафтиш мекунанд, ки шаҳрвандӣ ба онҳо то кадом андоза қонунӣ дода шуда буд?” Вале дар ин сурат суол ба миён меоянд, ки агар Фаридуни Шамсиддин ҳам шаҳрванди Русия бошад, пас чаро барои гузаштани марз ба Туркия рафтааст?
Дар сабти дуюм як ҷавон бо кумаки тарҷумон бо забони тоҷикӣ баёнот медиҳад. “Двач” ӯро саркардаи террористҳо ном мебарад, вале худи ин ҷавон мегӯяд, ки вайро тавассути Телеграм нафаре бо номи Абдулло ба ин кор ҷалб кард. Ӯ мегӯяд, 4 моҳ дар Русия бекор буд ва Абдулло барои ӯ ҳатто аз кадом як шиносҳояш як мошин ҳам харида дод, ки таксиронӣ кунад.
Раиси ФСБ Александр Бортников рӯзи 23 марти соли 2024 ба президенти Русия Владимир Путин дар бораи боздошти 11 нафар, аз ҷумла 4 иштирокчии бевоситаи ҳамлаи хунин шоми 22 март дар толори консертҳои “Крокус Сити Холл” дар шаҳри Красногорск гузориш дода буд.
Бисёре аз расонаҳову каналҳо дар бораи ба даст доштан дар ин ҳамлаҳо муттаҳам шудани зодагони Тоҷикистон хабар доданд, вале вазорати хориҷаи Тоҷикистон ин хабарҳоро “фейк” номид.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ рӯзи 23 март хабар дод, ки иттиҳоми зидди дастикам 3 нафар аз 4 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити Холл” гӯё таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифтаанд, беасос баромад.
ВКД Тоҷикистон дар изҳороташ гуфт: “Дар васоити ахбори оммаи Русия хабаре паҳн гардид, ки аз тарафи Раёсати корҳои дохилӣ оид ба вилояти Брянск вобаста ба акти террористие, ки шаби 22-юми марти соли 2024 дар шаҳри Москва рух додааст, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1. Исмонов Ривоҷиддин санаи таваллудаш 25.09.1972.
2. Насриддинов Маҳмадрасул санаи таваллудаш 20.11.1986, сокинони ноҳияи Ҷ. Балхии вилояти Хатлон барои содир кардани ҷинояти махсусан вазнин гумонбар ва ба ҷустуҷӯи расмӣ эълон кардааст, асоси воқеӣ надорад.
Чунки номбурдагон санаи 26-уми ноябри соли 2023 аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар маҳалли зисти худ қарор доранд.
Нафари сеюм, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон: Назаров Рустам Исроилович санаи таваллудаш 02.01.1995 сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, айни замон дар шаҳри Самараи Русия ҳамчун ронандаи мусофиркаш (таксӣ) фаъолият дорад. Ҳангоми рух додани амали террористӣ ӯ дар шаҳри Самара буд ва ба ҷинояти мазкур алоқамандие надорад”.