ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

ҲАМЛАИ ХУНИН ДАР МАСКАВ ДАСТИКAМ 40 КУШТА ВА 145 ЗАХМӢ БА ҶО ГУЗОШТ (ВИДЕО)

Шоми 22 марти соли 2024 пеш аз шурӯи консерти гуруҳи “Пикник”, ки мусиқии рок менавозад, дар толори консертҳои “Крокус Сити Холл” дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав чанд нафари либоси камуфляж дар тан болои мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Сипас дар толор таркиш ва сӯхтор ба амал омад ва як қисми боми бино фурӯ рафт. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия гуфт, масоҳати сӯхтор 12 ҳазору 900 метри мураббаъ, яъне тамоми биноро фаро гирифт ва танҳо соати яки шаби алакай 23 март ба сӯхторнишонҳо муяссар шуд, ки оташро фурӯ нишонанд.

ФСБ Русия хабар дод, ки бино ба ҳисобҳои пешакӣ, 40 нафар кушта ва беш аз 100 кас захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии вилояти Маскав баъдан рӯйхатти 145 осебдида бар асари тирборон дар Красногорскро нашр кард. Дар байни онҳо кӯдакон ҳам ҳастанд.

Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми амали террористӣ парванда кушодааст.

Хабарҳое ба даст расид, ки гӯё гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) масъулияти ҳамла дар Красногорскро ба дӯш гирифтааст. Вале то куҷо воқеъият доштани ин иддао ҳанӯз санҷида нашудааст. ДОИШ қаблан масъулияти чандин ҳамлаеро, ки дигарон анҷом дода буданд, ва ҳатто масъулияти чанд фалокати техникиро ҳам ба уҳда гирифта буд.

Бино ба хабарҳо, ҳамлагарон чанд нафар буда, дар тан либоси камуфляж доштанд ва баъди анҷоми ҳамла фирор кардаанд. Ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси мошини сафеди тамғаи “Рено” пайдо шуд, ки мақомот онро ҷустуҷӯ доштаанд. Хабаргузории РИА Новости хабар дод, ки ҳамлагарон ғолибан дар ҳамин мошин фирор кардаанд. Бино ба гузориши бархе расонаҳо, мақомоти Русия боз як мошини марбут ба ҳамлагаронро меҷӯянд, ки рангаш хокистарранг ва тамғааш “Renault Fluence” мебошад.

Иттиҳоди Аврупо, Олмон, Британияи Кабир, Туркия ва даҳҳо кишвари дигар алакай ба шаҳрвандони Русия изҳори ҳамдардӣ ва ҳамла дар Красногорскро маҳкум карданд.

Маъмурияти Амрико низ дар робита ба ҳаводиси дар “Крокус Сити Ҳолл” рухдода изҳори ҳамдардӣ кард. Ҷон Кирби, намояндаи Кохи Сафед дар умури амнияти миллӣ дар нишасти хабарӣ гуфт: “Наворҳо даҳшатборанд, тамошои онҳо хеле сахт аст.. Мо талош дорем, то маълумоти бештар ба даст биорем. Ҳама фикру зикри мо бо қурбониёни ин ҳамлаи мудҳиш аст”.

Ҷон Кирби дар брифинг ҳамчунин гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ як аломате дар даст нест, ки ба даст доштани Украина ё шаҳрвандонаш ба тирпарронӣ дар толори консерт  дар Русия ишора кунад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова дар посух гуфт, агар Амрико дақиқ медонад, ки Украина ба ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” даст надорад, пас Вашингтон бояд маълумоти доштаашро бо Маскав дар миён гузорад.

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев алакай ангушти иттиҳом ба сӯи Киев баланд кардааст.

 “Агар муайян карда шавад, ки ин террористони режими Киеванд, ҳамаи онҳо ва таҳрикдиҳандагони ақидатиашон бояд ёфта шуда, ҳамчун террорист бераҳмона нобуд карда шавад. Бо шумули мақомҳои расмии кишваре, ки даст ба чунин бадкорӣ задааст.

Ҷавоби куштор куштор аст”, – навишт Медведев дар каналаш дар Телеграм.

Ва аммо мушовири дафтари президенти Украина Михайло Подоляк шаби ҷумъа, 22 март даст доштани Украинаро дар ҳамлаи Красногорск рад кард. Ӯ гуфт: “Украина дақиқан бо тирпаронӣ ва таркишҳо дар “Крокус Сити Ҳолл” дар вилояти Маскав ягон рабт надорад. Ин ягон маъно надорад. Пеш аз ҳама, Украина беш аз ду сол боз бо артиши Русия меҷангад. Дар ин ҷанг ҳама чиз дар майдони набард ҳал мешавад. Сониян, Украина ҳеҷ гоҳ даст ба истифодаи шеваҳои террористӣ назадааст”.

Ёдовар мешавем, рӯзи 7 март сафорати Амрико дар Маскав аз хатари ҳамлаҳои террористӣ дар Маскав ҳушдор дод ва аз шаҳрвандонаш хост, ки аз маконҳои пуриздиҳом канора биҷӯянд. Сафорат гуфта буд, ки ин ҳамлаҳо метавонанд дар ҷараёни таҷлили иди занон сурат бигиранд. Ба дунбол, ҳушдори сафорати Амрико намояндагиҳои дипломатии чанд кишвари дигар низ ҳамчун ҳушдор барои шаҳрвандони худ бознашр карданд. Аммо  президенти Русия Владимир Путин рӯзи 19 март ин ҳушдорҳоро “иғвоангезона” бо мақсади “тарсондан ва ба ҳам задани ҷомиа” номид.

Дар пайи ҳамлаи Красногорск мақомоти бисёре аз минтақаҳои Русия, аз ҷумла нимҷазираи ишғолшудаи Қрим, Ставропол, Мурманск, Тотористон, Воронеж, Тула, Твер, Краснодар, Вологда, Ленинград дар бораи дар рхзҳои наздик лағв шудани чорабиниҳои оммавияшон хабарҳо ба даст мерасанд. Вазорати фарҳанги Русия хабар дод, ки дар рӯзҳои наздик дар тамоми муассисаҳои федералӣ чорабиниҳои тафреҳӣ бекор карда мешаванд.

Шоми 22 март билофосила баъди ҳамлаи Красногорск, бисёре аз марказҳои савдо ва тарабхонаҳо дар Маскаву Петербург барвақттар баста шуданд, бархе клубҳои мусиқӣ дар бораи ба қафо андохтани консертҳои барномарезикардаашон хабар доданд.

Вазорати маориф ва илми Русия низ ба донишгоҳҳо тавсия дод, ки ҳама гуна чорабиниҳои оммавиро дар рӯзҳои истироҳат бекор карда, рӯзи 23 март дарсҳо барои донишҷӯёнро бо усули фосилавӣ доир кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button