ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНЛАРЗАИ САХТИ ИҚТИДОРАШ БЕШ АЗ 5 БАЛЛ ДАР ВОДИИ РАШТ

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ хабар доданд, ки субҳи 22 марти соли 2024, соати 08:47 ба вақти Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар як заминларзаи шадид рух додааст.

Бино ба гузоришҳо, маркази заминларза дар 26-километрии шимолушарқи мавзеи Қаракенҷаи ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар шимолушарқи Тоҷикистон ҷойгир шуда, замин дар ин ҷо дар умқи 10 километр ва бо шиддати 5,1 балл тибқи ҷадвали Рихтер ларзидааст.

Мавзеи Қаракенҷа дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, дар як минтақаи зилзилахез ҷойгир шудааст.

Дар бораи кадом хисороте бар асари ин офати табиӣ то ҳол гузориш нашудааст. Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳанӯз ин офати табииро шарҳ надодааст.

Дар ҳамин ҳол, Маркази ҷумҳуриявии зилзиланигории вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар дод, ки шиддати ин заминларзаи субҳи 22 март дар марказаш, дар 313-километрии ҷанубушарқи Тошканд дар қаламрави Тоҷикистон тибқи ҷадвали Рихтер 5,5 баллро ташкил додааст. Бино ба иттилои ин марказ, замин дар қаламрави худи Ӯзбекистон низ ларзид, вале бо шиддати камтари аз 2 то 3 балл.

Пажуҳишгоҳи зилзилашиносии Академияи миллии илмҳои Қирғизистон хабар дод, ки шиддати заминларзаи субҳи 22 март дар ин кишвар то 4 баллро ташкил дод. Ба гуфтаи зилзиланигорони қирғиз, маркази заминларза дар қаламрави Тоҷикистон, вале начандон дур аз марзи ин кишвар бо Қирғизистон: дар фосилаи ҳамагӣ 16-километрии ҷанубушарқи деҳаи Қара-Тейит, 15-километрии ҷануби Қарамиқ ва 124-километрии ҷанубушарқи шаҳри Бодканд ҷойгир шуда буд.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 4 заминларза,  дар як моҳи охир 16 заминларза ва дар як соли охир 239 заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардааст.

Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар марз бо Афғонистон рух медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button