ВидеоТоҷикистонҲодисаҶомеа

СОКИНИ СУҒД АЗ РУСИЯ БАРГАШТА, ҲАМСАРИ ҲОМИЛААШРО БО 70 ЗАРБАИ КОРД КУШТ

Муаллиф: Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Фотима Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳомила будааст, шаби 15-уми марти соли 2024, аз дасти шавҳараш кушта шудааст.

Ба иттилои наздикони Фотима Сатторова, ҳодиса дар хонаи истиқоматиаш рух додааст. Ҷасади ӯро субҳи 16-уми март хушдоман ва дигар пайвандони шавҳараш оғӯштаи хун пайдо кардаанд.

Подполковник Акбар Шарифӣ, сардори дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд куштори зан аз ҷониби шавҳарро тасдиқ карда, аммо аз додани иттилои бештар худдорӣ кард.

Яке аз наздикони зани кушташуда гуфт, “шавҳари Фотима Сатторова, ки моҳи январ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта буд, 15-уми март ба ватан баргашта, ба тани ҳамсари ҳомилааш 70 маротиба корд задааст”.

Сабаби бо чунин шеваи бераҳмона ба қатли ҳамсар даст задани шавҳар таҳқиқ мешавад. Аммо пайвандони Фотима Сатторова мегӯянд, “ба эҳтимоли зиёд, ҳомила шудани зан боис шудааст, ки шавҳар ӯро ба қатл расонидааст”.

Фотима Сатторова донишҷӯи соли 5-уми шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд будааст. Шарикдарсонаш мегӯянд, ӯ рӯзи 15-уми март дар дарс иштирок дошт ва эҳсоси хатар намекард. Тафсилоти дигари ҳодиса маълум нест.

Бояд гуфт, ки ҳодисаи куштори ҳамсар аз ҷони шавҳар дар вилояти Суғд пештар низ сабт шудааст. Аз ҷумла, соли гузашта сокини 28-соли ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ҳамсарашро дар заминаи рашк ба қатл расонида, барои 17 сол маҳкум ба зиндон шуда буд.

Манбаъ: “Азия Плюс”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button