ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ҲАЛОКАТИ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ МАСКАВ – КӮЛОБ ДАР НИМИ РОҲИ БОЗГАШТ БА ВАТАН

Шоми 18 марти соли 2024 як мусофири парвози Маскав – Кӯлоби ширкати русии ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” дар ними роҳ ҷон додааст. Дар ин бора Телеграм-канали “Авиаторщина”, ки ҳодисаҳои рух дода дар ҳавопаймоҳо ва фурудгоҳҳоро пайгирӣ мекунад, хабар дод.

Бино ба иттилои ин канал, ҳавопаймои тамғаи Airbus A321neo (RA-73802) шоми 18 март бо парвози рақами SVR2969 аз фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ба қасди фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб дар ҷанубушарқи Тоҷикистон ба парвоз хест. Дар ин ҳавопаймо 92 мусофир сафар мекарданд.

Аммо дар ҷараёни парвоз аҳволи яке аз мусофирон бад шудааст. Меҳмондорони ҳавопаймо талош кардаанд, то ба ӯ кумаки тиббӣ бирасонанд, вале аҳволи мусофир бадтар шудааст. Дар ин бора ба фармондеҳи ҳавопаймо хабар додаанд ва ӯ тасмим гирифтааст, ки ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи Курумочи шаҳри Самара дар ҷануби Русия фуруд биояд.

Баробари ба фурудгоҳи Курумоч нишастани ҳавопаймо табибони “Ёрии таъҷилӣ” ба кумаки мусофири парвози Маскав – Кӯлоб шитофтаанд, вале мутаассифона, натавонистаанд, ки ӯро аз чанги аҷал наҷот бидиҳанд.

Ҳавопаймо баъди 2 соат бо мусофирони боқимондааш аз Самара ба Кӯлоб парвоз кардааст.

Дар бораи шахсият ва синнусоли мусофири фавтида маълумоте дода нашудааст. Ин ҳам маълум нест, ки оё чӣ беморие сабаби марги ин мусофир дар ними роҳ шуд?

Дар вақтҳои охир дар бораи ба иллати бад шудани аҳволи мусофиронашон дар ними роҳ дар фурудгоҳҳо ба таври изтирорӣ нишастани ҳавопаймоҳое, ки аз Русия ба Тоҷикистон парвоз мекарданд, чандин хабар ба даст расида буд. Вале ин нахустин мавридест, ки як мусофир дар ними роҳи парвоз аз Русия ба Тоҷикистон ҷони худро аз даст медиҳад.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Пулҳое, ки аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирон ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, як манбаи асосии даромади аксари хонаводаҳои тоҷик ва ҳам як омили муҳими чархонандаи аробаи тиҷорат ва иқтисоди ин кишвар дониста мешавад.

Вале ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯзи муҳоҷират ҷони то 3 муҳоҷири тоҷикро мегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button