ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ 2 ПИЁДАГАРД ДАР ДУШАНБЕВУ ВАРЗОБ ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ 1,7 МИЛЛИОН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 19 марти соли 2024

Ҳалокати ду пиёдагард дар садамаҳои нақлиётӣ

13

18-уми марти соли 2024, тахминан соати 14:30, ронандаи мошини тамғаи “КАМАЗ-53229”, Бобомуродов Нажмитдин Шамсиевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Мирзобек ба самти кӯчаи Обшорон, дар чорроҳаи кӯчаҳои С.Айнӣ-Теппаҳои шарқӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Подгорский Виктор Николаевич, соли таваллудаш 1953, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст. Дар натиҷа Подгорский В.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
18-уми марти соли 2024, тахминан соати 11:50, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Ипсун”, Ҳафизов Туғрал Назирович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат кардан бо шоҳроҳи “Душанбе-Варзоб” дар даромадгоҳи деҳаи Шабода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Ҳалимов Абдулло Алишерович, соли таваллудаш 2015, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ аз зарбаи бардоштааш ба самти ҳаракати воситаи нақлиёти муқобили самт меафтад ва мошини тамғаи “Тойота-Ипсун”, таҳти идораи ронанда, Зикриёев Одил Самиевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Истаравшан, ки бо роҳи мошингарди “Варзоб-Душанбе” ҳаракат мекард, ноболиғи дар қисми мошингарди роҳ афтодаро дубора пахш кардааст. Дар натиҷа ноболиғ, Ҳалимов А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оиди ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдор қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

525

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, роҳбари ҶДММ “МФ Сохтумон”, муроҷиат намудааст, ки аввалҳои соли 2023, марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, як хонаи истиқоматиро дар масоҳати 125 метри мураббаъ аз ширкати сохтмонии ҶДММ “МС Сохтмон” ба маблағи 140 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки пулашро медиҳад.

Инчунин, гумонбаршаванда такроран бо роҳи фиреб ба боварии, ҷабрдида даромада, аз ӯ боз як хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 54 метри мураббаъ ба маблағи 27 ҳазор доллари амрикоиро нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол пули ин хонаро ҳам надодааст.

Гумонбаршаванда ба ҷабрдида дар умум ба маблағи 1 миллиону 680 ҳазор сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button