ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНЛАРЗАИ ЧОРБАЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 18 марти соли 2024, соати 07:10 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ заминларза рух додаст. Маркази офати табиӣ дар

148-километрии шарқи Душанбе ва 66-километрии ҷанубушарқи шаҳраки Ғарм, маркази маъмурии ноҳияи Рашт ҷойгир шуда, шиддати заминларза дар марказаш 4 балл ва дар Душанбе 2 баллро ташкил додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ин офат, хушбахтона, ягон осебу зарар ба ҷо нагузоштааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави Тоҷикистон 1 заминларза, дар як ҳафтаи охир 6 зилзила,  дар як моҳи охир 16 заминларза ва дар як соли охир 241 заминларзаро сабт кардааст.

Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар марз бо Афғонистон рух медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button