ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

ПУТИН БО КАСБИ БЕШ АЗ 87 ФОИЗИ ОВОЗҲО ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ ҒОЛИБ ОМАД

Тавре ҳам ки интизор мерафт, президенти кунунии Русия Владимир Путин дар интихоботи президентии Русия бо касби беш аз  87 фоизи овозҳо ғолиб омад ва инак, бори панҷум президенти аз лиҳози масоҳаташ бузургтарин кишвари дунё интихоб шуд.  Соли 2018 Путин бо касби наздики 77 фоизи овозҳо ғолиби интихобот эълон шуда буд.

Комиссияи марказии интихоботи Русия хабар дод, ки бар асоси шумориши 99,52 фоизи овозҳо, Путин 87,33 фоиз, вакили 75-солаи Думаи давлатӣ ва номзади ҳизби коммунисти Русия Николай Харитонов 4,3%, Владислав Даванков, номзади ҳизби “Одамони нав” (“Новые люди”) 3,81% ва Леонид Слутский, ки баъди марги Жириновский раҳбари ҳизби миллатгарои ЛДПР интихоб шуд, ҳамагӣ 3,20% овоз гирифтаанд. Ҳарсе рақиби Путин ҳанӯз то эълони натиҷаҳои ниҳоӣ  пирӯзии Путинро дар интихоботе, ки се рӯз: аз 15 то 17 марти соли 2024 давом кард, эътироф карданд.

Аммо ба бовари нозирони умур, ин се номзади дар муқобили Путин иҷозатдодашуда дар ин маърака нақши сирф номзадҳои намоиширо бозӣ мекарданд, то ки интихоботи президенти Русия ҳадди ақал ба зоҳир алтернативӣ намоиш бидиҳанд. Номзадҳои мухолифи режими Путин ба интихобот роҳ дода нашуданд.

Бино ба ҳисоби мақомот, мизони иштироки раъйдиҳандагон дар интихоботи президенти Русия аз 74% гузашт, ки ин ҳам натиҷаи аз ҳама  баланд дар таърихи интихоботҳои президентии Русия ба шумор меравад. Соли 2018 дар овоздиҳӣ 67 фоизи раъйдиҳандагон иштирок доштанд, вале он вақт овоздиҳӣ ҳамагӣ як рӯз давом карда буд.

Бино ба ҳисобҳои Комиссияи марказии интихобот, мардум ҳатто дар вилоятҳои ҳаммарз бо Украина, ки дар тӯли ин се рӯзи овоздиҳӣ таҳти тирборон қарор доштанд, фаъолона овоз додаанд ва барои мисол, алакай то нимаи рӯзи 17 март, дар вилояти Белгород алакай 83 фоизи раъйдиҳандагон овоз дода будаанд.

Мақомоти Русия дар сарзаминҳои ишғолшудаи Украина низ овоздиҳӣ барпо карданд, ки дар Ғарб инро поймол кардани истиқлоли Украина мешуморанд. Ба иддаои мақомоти Русия,  дар вилоятҳои Донетск, Луҳангск ва Запороже Путин беш аз 90% ва дар вилояти Херсон беш аз 88% овоз гирифтааст. Тафтишу тасдиқи ин иддао тавассути манобеи дигари мустақил имкон надорад.

Путин баъди нимашаб ба ситоби интихоботиаш омад ва тӯли як соат нишасти хабарӣ дод. Путин нафақат дар бораи пирӯзиаш дар интихобот, балки пиромуни масоили дигар низ ҳарф зад ва аз ҷумла бори аввал номи мухолифи сарсахти ахиран дар маҳбас ба таври мармуз фавтидааш Алексей Навалнийро ба забон гирифт ва гуфт, ки гӯё чанде қабл аз марги Навалний мухолифи муомила бо Ғарб ҷиҳати иваз кардани ӯ набуд.

Путин дар мавриди ташкили овоздиҳӣ дар вилоятҳои ишғолшудаи Украина гуфт,  ин аломати он аст, ки “Русия кори дуруст карда истодааст”.

Журналистони хориҷӣ аз Путин дар бораи эҳтимоли муноқишаи мустақими Русия бо паймони ҳарбии НАТО дар сурати ба ҷанги Украина ҳамроҳ шудани ин паймон низ пурсиданд. “Ин (ҷанг бо НАТО) як қадам то ҷанги сеюми ҷаҳонӣ хоҳад буд. Фикр накунам, ки касе ба ин манфиатдор бошад”, — посух дод Путин.

Путин имсол ба синни 72 мерасад. Ӯ аз соли 2000, инак 24 сол боз раҳбарии Русияро дар даст дорад ва бо пирӯзӣ дар ин интихобот замони раёсаташро то соли 2030, ки он вақт ба синни 78 хоҳад расид, тамдид мекунад. Кишварҳои Ғарб ва мухолифини Путин ӯро ба бунёди як режими худкомаи наздик ба диктатура, аз саҳна рӯфтан ва ҳатто ҷисман аз байн бурдани мухолифини сиёсиаш ва бо ҷанги зидди Украина дар инзивои байналмилалӣ ва таҳти таҳримоти сангини байналмилалии барои иқтисодаш харобиовар қарор додани Русия айбдор мекунанд.

То ҳол аз раҳбарони кишварҳои дунё танҳо чанд раҳбари рӯ ба Русия, аз ҷумла раҳбарони Куба, Венесуэла, Ҳондурас, Никарагуа, Кореяи шимолӣ, ҳамчунин раҳбарони 6 кишвари узви СНГ (Беларус ва 5 ҷумҳурии Осиёи Марказӣ) Путинро бо пирӯзӣ табрик карданд.  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Путин ҳам барқияи табрикӣ фиристод ва ҳам телефонӣ табрикаш кард, пирӯзии Путинро “баҳснопазир” номида, натиҷаҳои овоздиҳии доиргардидаро “боз як далели возеҳи тасдиқи обрӯву эътибори баланди сиёсӣ ва аз ҷониби ҷомеаи Русия ба таври васеъ ҷонибдорӣ ёфтани сиёсати давлатӣ”-и Путин номидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button