ВидеоФарҳанг

ПАРДАБАРДОРӢ АЗ НИМПАЙКАРАИ РӮДАКӢ ДАР ЛОНДОН (ВИДЕО+12 АКС)

Дар шаҳри Лондон, пойтахти Британия Кабир  аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Британия дар донишгоҳи SOAS, ё Мактаби мутолиоти Осиё ва Африқо, барномаи илмӣ- фарҳангӣ зери унвони “Рӯдакӣ – падари шеъри форсию дарию тоҷикӣ” баргузор шуда, дар доираи ин барнома пардабардорӣ аз нимпайкараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сурат гирифт.

Бино ба гузориши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар оғози маросим сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Рухшона Эмомалӣ ва ба дунболи ӯ, ду профессори донишгоҳи SOAS суханронӣ карданд ва сипас нимпайкараи Рӯдакиро дар ҷамъи меҳмонон рӯнамоӣ карданд.

Сипас президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, олими тоҷики муқими Лондон Дагихудо Дагиев, Отамбек Мастибеков, адиби тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ, Фирӯза Абдуллоева-Мелвилл, инчунин корманди донишгоҳи SOAS Наргис Фарзод ва Ҷеймс Вайт аз Оксфорд перомуни шахсияти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ суханронӣ карданд.

Ин аввалин барномаи фарҳангии  сафорати Тоҷикистон дар Лондон дар ҳамкорӣ бо донишгоҳи SOAS дар Лондон баргузор гардид. Дар барнома, ки дар театри “Brunei gallery lecture” баргузор шуда буд, алоқамандон ва донишҷӯёни забони форсӣ аз саросари Бритониё ҳузур доштанд.

Дар ҷараёни барнома ҳунармандон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Амонқулова, Хуршед Иброҳим таронаҳо бар ашъори Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро иҷро карданд.

Донишгоҳи SOAS (SOAS University of London; the School of Oriental and African Studies) як ниҳоди таҳқиқотиест, ки бахше аз Донишгоҳи федералии Лондон ба шумор меравад ва ҳанӯз соли 1916 таъсис ёфтааст. Донишгоҳи SOAS дар минтақаи Блумсбери дар қисмати таърихии маркази шаҳри Лондон ҷойгир шудааст.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маъруф ба Одамушшуаро, соли 858 дар Панҷрӯд ба дунё омада, соли 941 дар ҳамонҷо фавтид. Рӯдакӣ аз шоирони пештози даврони худ ва сардафтари адабиёти форсӣ ба шумор меравад. Ӯ дар аҳди Сомониён зиста, дар дарбори Сомониён ба мақоми Маликушшуаро расида буд. Аз Рӯдакӣ то замони мо танҳо ашъори парокандае ба ёдгор мондаанд.

Дар Тоҷикистон ба Рӯдакӣ арҷи зиёд мегузоранд. Ба номи ӯ дар Тоҷикистон як ноҳия, чандин ҷамоат ва кохи фарҳанг номгузорӣ шуда, боғи марказии истироҳатии шаҳри Душанбе ва хиёбони марказии пойтахти Тоҷикистон низ ба шарафи сардафтари шеъри форсӣ Боғи Рӯдакӣ ва хиёбони Рӯдакӣ ном карда шудаанд.

Возможно, это зарисовка (текст)
Возможно, это изображение 1 человек
Возможно, это изображение 1 человек и текст
Возможно, это изображение 1 человек и текст
Возможно, это изображение 2 человека
Возможно, это зарисовка (текст)
Возможно, это изображение ‎1 человек и ‎текст «‎a6ya6Ayллoxи pyAaKй Abũ Abd Allah Rüdaki کی رود عبدالله ابو 4yйи myлиeH Juye-Muliyãn موليان جوی‎»‎‎
Возможно, это изображение 3 человека, отдел новостей и текст «Fire exit defeat?»
Возможно, это изображение 1 человек, помост и текст
Возможно, это изображение 1 человек, учится и текст
Возможно, это изображение 2 человека, шарф, отдел новостей, помост и текст
Возможно, это изображение 2 человека и текст

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button