ВидеоДин ва боварҳо

НАРХИ САФАРИ ҲАҶ АЗ ТОҶИКИСТОН ИМСОЛ КАМЕ АРЗОНТАР ШУДААСТ

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон рӯзи 18 марти соли 2024 хабар дод, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории ҳукумати Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими Ҳаҷҷи соли равон 57 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд. Имсол нархи роҳхатти Ҳаҷҷи асосӣ назар ба соли гузашта, ки нархи сафари Ҳаҷ 59 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда буд, 2 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 180 доллар арзонтар аст.

Кумитаи дин дар иттилоияш гуфт: “Маблағи мазкур барои харидории билети ҳавопаймо (рафту баргашт), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқдомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи қурбонӣ, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, пардохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо истифода мешавад”.

Кумитаи дин гуфт, довталабони сафари Ҳаҷ тибқи рӯйхат маблағҳои худро ба таври ғайринақдӣ тавассути филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк” пардохт карда метавонанд.

Сафари зоирон ба Ҳаҷ дар нимаи дуюми моҳи май дар назар дошта шудааст.

Возможно, это изображение 4 человека

Кумитаи дин ба шаҳрвандон хотиррасон кард, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зоирон барои адои маносики Ҳаҷ танҳо тавассути ниҳодҳои давлатии ваколатдори кишварҳо метавонанд сафар кунанд. Ин ишора беҳуда нест, чунки, бино ба мушоҳидаи Кумитаи дин, “имрӯзҳо ширкатҳои сайёҳӣ ва афроди алоҳидае аз кишварҳои дигар бо таблиғоти густурда тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро барои адои маросими Ҳаҷ дар соли равон даъват намуда истодаанд. Ҳамватанони мо бояд донанд, ки ҳеч шахс ва ҳеч ширкати сайёҳие салоҳият ва имконияти сафарбарнамоӣ ва таъмини шароити будубоши Ҳаҷравандагонро надорад. Таблиғоти чунин афрод танҳо бо ҳадафи тақаллуб ва фиреби сокинон ба роҳ монда шудааст. Гузашта аз ин, тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима ба андозаи 50 ҳазор риёл (ҳудуди 13 ҳазору 300 доллари амрикоӣ), ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.

Бо дарназардошти ин ҳама Кумитаи дин аз сокинон хостааст, ки ба таблиғоти бардурӯғи афроди манфиатхоҳ дода нашаванд, то ба доми фиреби онҳо науфтанд.

Ин ҳушдорҳо дар ҳолест, ки шумори торафт бештари сокинони Тоҷикистон ба далели нархҳои баланди ширкатҳои ватанӣ ва Кумитаи дин барои сафари Ҳаҷ рӯ ба ширкатҳои хориҷӣ оварда истодаанд. Барои мисол, дар як соли охир, бв ҳисоби мақомот, 63 ҳазор сокини Тоҷикистон ба Ҳаҷҷи умра рафтаанд ва аксаран тавассути ширкатҳои Ӯзбекистон, ки нархашон назар ба ширкатҳои Тоҷикистон то 2 маротиба арзонтар аст.

Ҳаҷ яке аз фарзҳои дини Ислом буда, ҳадди ақал як бор зиёрати Ҳаҷ барои ҳар мусулмоне, ки қудрат ва тавоноияш, аз ҷумлаи қобилияти молиявиашро дорад, фарз мебошад.

Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба сафари Ҳаҷ мераванд. Арабистони Саудӣ имсол барои Тоҷикистон наздики 7 ҳазор ҳисса барои сафари Ҳаҷ ҷудо кардааст.

Ин ба истиснои ҳазорон нафарест, ки ҳар сол барои адои Ҳаҷҷи умра ё Ҳаҷҷи хурд ба Маккаю Мадина мераванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button