ВидеоТоҷикистон

ДОДГОҲИ ОЛӢ 5 НАФАРРО БАРОИ ҚАТЛИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВ БА ҲАБСИ АБАД МАҲКУМ КАРД

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 18 марти соли 2024 баррасии парвандаи рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро ба поён расонда, бино ба иттилои дарёфтӣ, ба 5 нафар аз 14 муттаҳами ба додгоҳ эҳзоршуда ҳукми ҳабси абад додааст. Судури якбора 5 ҳукми умрбод барои як ҷиноят дар таърихи додгоҳҳои Тоҷикистон амре бесобиқа буда, бори аввал сурат мегирад. 9 муттаҳами дигар ба муҳлати аз 1 то 8 сол маҳкум ба зиндон шудаанд.

Дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ судури ҳукми афроди муттаҳам дар қатли Исматуллоевро тасдиқ кард, вале гуфт, ки ҷузъиёти ҳукм баъдтар нашр мешавад. Вале ду манбаи алоҳида ба радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) гуфтаанд, ки Додгоҳи олӣ ба ин 5 нафар ҳукми умрбод дод:

  • Дилшод Саидмуродов (Дилшоди СБ);
  • Қамар Азизов;
  • Акбар Аҳмадов;
  • Бахтовар Сафаров ва
  • Шоҳрух Хӯҷаев

Рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев пурсарусадотарин ҷинояти як соли охир дар Тоҷикистон дониста мешавад. Додгоҳи олӣ рӯзи 25 декабри соли 2023 ба муҳокимаи ин парвандаи пурсарусадо оғоз кард. Ин мурофиа пушти дарҳои баста дар дохили  боздоштгоҳ, ё СИЗО №1 дар маркази шаҳри Душанбе доир шуд.

Ҳукми 14 муттаҳам дар ин парванда низ дар толори ҷаласаҳои додгоҳии СИЗО №1 эълон шудааст ва бар асоси ҳукми додгоҳ, амволи баъзе аз муттаҳамон, аз ҷумла молу мулки Саидмуродов мусодира карда мешавад. Пайвандони Саидмуродов гуфтаанд, ки аз ҳукм норозианд.

Ҳафтае қабл хабар омада буд, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз додраси парвандаи қатли бонкдори шинохта, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев барои корманди собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Дилшод Саидмуродов, мулаққаб ба “Дилшоди СБ” ва “Дилшоди Красавчик”,  ва Қамаруззамон (Қамар) Азизов, соҳибкор ва амакбачаи овозхонҳои гуруҳи овозадори “Анис” ҳабси умрбод талаб кардааст. “Дилшоди Красавчик”  саркардаи гуруҳи одамрабоён ва Қамар Азизов фармоишгари рабудан ва қатли Исматуллоев шумурда мешаванд.

Қамар Азизовро билофосила баъди кушта шудани Исматуллоев дар поёни моҳи июни соли 2023 дастгир карданд, вале “Дилшоди Красавчик”, ки чандин моҳ дар Русия дар ҳоли фирор ба сар бурд, дар аввали моҳи октябри соли 2023 аз Русия ба Тоҷикистон оварданд.

Одамрабоён шоми 23 июни соли 2023 Исматуллоевро аз назди хонааш дар маҳаллаи 8 Марти пойтахт ба мошин бор карда, ба як манзили  аз қабл иҷорагирифта дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурдаанд. Исматуллоев соати сеи субҳи 24 июн баъди 7 соати шиканҷааш дигар ба ин ҳама азобу уқубат тоб наоварда, ҷон додааст. Одамрабоён ҷасади ӯро ҳамроҳи мошин ба дарёи Зарафшон партофта, фирор кардаанд.

Ба ҳисоби тафтишот, дар ин ҷиноят 18 нафар даст доштанд. Аз ин шумор 14 нафараш ба додгоҳ эҳзор шуда, Фирӯз Мӯминовро ахиран дар Амрико дастгир карданд ва Алишер Бойтуров ба Лаҳистон (Полша) фирор кардааст. Аммо Рустам Ашӯров дар фурудгоҳи пойтахти Молдова дар пайи қатли ду афсари молдован кушта шуд. Боз як муттаҳам дар боздоштгоҳи Душанбе ҷон дод.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи феврал дар нишасти хабариаш гуфт, қатли Шуҳрат Исматуллоев ба тиҷорати муштараки ӯву Қамаруззамон Азизов: сохтмони бинои баландошёна дар кӯчаи Пушкин, 46 дар маркази шаҳри Душанбе рабт дошт.

Шоҳиён гуфт, баъди анҷоми сохтмони бино ва ба фурӯш гузоштани мағозаву манзилҳои истиқоматӣ 54 млн сомонӣ бояд ба Шуҳрат Исматуллоев дода мешуд.

“Азизов аз бастани чунин шартнома ва дар ҳолати ногувори молиявӣ қарор гирифтанаш норозӣ гардида, барои минбаъд иҷро накардани уҳдадориҳои шартномавӣ қасди одамрабоӣ, роҳзанӣ ва куштори Шуҳрат Исматулооевро ба нақша мегирад”, – гуфт раиси Додгоҳи олӣ ва афзуд, Азизов дар як вохӯрӣ ба Дилшод Саидмуродов  маълумот медиҳад, ки “гӯё Исматулооев ба арзиши зиёда аз 2 миллиард доллар криптовалюта дорад”.

“Қамаруззамон Азизов ва Дилшод Саидмурод гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ созмон дода, ба тарзу усули хоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амал карда, нақша кашидаанд, ки Исматуллоевро рабуда, бо истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷа маблағҳояшро тасарруф карда, ӯро ба қатл мерасонанд. Барои амалӣ кардани ин ҷиноят Қамаруззамон Азизов ба Дилшод Саидмурод 1 миллиону 500 ҳазор доллар ваъда медиҳад”, – гуфт Шоҳиён.

Ӯ афзуд, “ба ин пешниҳод Дилшод Саидмуродов ҳамчун зархарид розӣ шуда, гурӯҳи муташаккили устувор ва муттаҳидро ташкил дода, ба он Ашӯров Рустам, Хӯҷаев Шоҳрух, Сафаров Бахтовар, Тоштемуров, Бойтуров, Ҳамидовро ҳамчун иҷрокунандаҳои бевосита ва Ахмедов Акбарро ҳамчун ёрдамчӣ ҷалб мекунад”.

Бино ба нақли Шоҳиён, нақшаи аз байн бурдани Исматуллоев ҳанӯз соли 2021 кашида шуда, моҳи декабри соли 2021 Дилшод Саидмуродов ҳамроҳи Ахмедов аз Маскав барои таъмини гурӯҳи муташаккил 5 ҷуфт либосҳои махсуси низомӣ, силоҳи пневматикии тамғаҳои Калашников ва Макаров, дрон, мавҷпахшкунак, электрошокер, дурбин, лазер, чӯбдаст, ниқоб ва шаш адад рақамҳои қалбакии мошинро харида, ба Тоҷикистон фиристодаанд. Дар айни замон, “барои изи ҷинояти худро нагузоштан, Бойтуров ба номи оворагардону лӯлитаборони вилояти Хатлон симкортҳои мобилӣ харидорӣ карда, минбаъд танҳо аз ин рақамҳо истифода кардаанд”, – нақл карда буд Шоҳиён.

Шаби 23 июни соли 2023 баъди онки Исматуллоевро рабуда, ба Шодоба бурданд, дар хонаи иҷора гирифтаашон “либосҳояшро кашида, ба курсӣ шинонида, ба дасту пои Исматуллоев завлона мезананд. Сипас, бо шиканҷа додан рамзҳои махсуси ҳамёнҳои криптовалюта доштаи телефони бонкдори тоҷикро гирифта, тафтиш мекунанд, аммо дар он маблағ пайдо намекунанд. Аз ин рӯ, такрор ба такрор барои муайян кардани ҳамёнҳои дигар ва маблағи нақдиаш, бо истифода аз лазер ва автофен бадани бонкдорро сӯзонида, бо қувваи барқи электрошоккер ӯро шиканҷа мекунанд… пас аз пайдо накардани маблағ, бо супориши Қамаруззамон Азизов ин гурӯҳ узвҳои ҳаётан муҳими Шуҳрат Исматуллоевро сӯзонида, ӯро ба қатл мерасонанд. Рустам Ашӯров, Бахтовар Сафаров ва Шоҳрух Хоҷаев ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро ба бағоҷи мошин бор карда, онро дар километри 118-уми шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ба дарё мепартоянд…”

Ҷасади Исматуллоевро баъди 50 рӯзи ҷустуҷӯ  рӯзи 12 август аз мавзеи Саразми Панҷакент пайдо карда, рӯзи 30 август баъди анҷоми ташхисҳои ДНК, аз ҷумла дар як ташхисгоҳи Маскав, дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button